Spitamen
ҲАЛОКАТИ КӮДАКИ 5-СОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН
1771

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар се садамаи маргбор дар ҳудуди ҷумҳурӣ се нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо як нафараш ноболиғи 5-сола будааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, муаяйн кардааст, ки чанде пеш ронандаи автомашинаи тамғаи "Хонда-Старекс" Мирзоев Иззатуллои 40 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ як ноболиғро пахш намудааст, ки дар нитиҷа кӯдаки панҷ сола ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохила, ронанда ҳангоми аз хонаи истиқоматиаш ҳай карда баромадан, ба қафои автомашина нигоҳ накарда, ноболиғ Мирзоев Рустам Илҳомиддинович, соли таваллудаш 2016, сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Қайд карда шудааст, ки дар натиҷа ноболиғ, Мирзоев Рустам дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД