Рӯзи 9-уми марти соли 2021, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бозорбоев Бахтинур Баҳридинович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Истиқлол, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди маҳаллаи Меҳнатободи шаҳри Истиқлол аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада, ба чуқурии 2,5 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Бозорбоев Б.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, 8-уми марти соли 2021, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бегматзод Рӯзимуҳаммад Нурмаҳмад, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо дучархасавори тамғаи “Скутер”, Мусулмонов Бахтиёр Эргашевич, соли таваллудаш 1972, сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр бармехӯрад.
Дар натиҷа, Мусулмонов Б.Э. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.