Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар барномаи навбатии “Ахбори ВКД” иттилоъ дод, ки як сокини 25 - солаи ноҳияи Файзободро бо ҷурми даст задан ба қаллобӣ, дасгир кардааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар пайи як занги телефонии Яъқубов Сорбон Вайсиддинович декани факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Раҳмонов Шариф Мадаминович ӯро дар курси сеюми ин донишгоҳ барқарор мекунад.
“Дар раванди таҳсил Яъқубов Сорбон ба боварии декани факулта даромада, ӯро бовар кунонидааст, ки номбурдаро ба мансаби сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъин мекунад”, - омадааст дар хабар.
Аммо Яъқубов танҳо ба барқарор шудан ба донишгоҳ қаноат накарда, аз соли 2018 то моҳи марти соли 2020 аз Раҳмонов Шариф ба миқдори 186 ҳазор сомонӣ маблағ ва як адад автомобили тамғаи “Opel Astra”-ро бо роҳи фиреб гирифта, барнагардонидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ нисбат ба боздоштшуда парванда оғоз карда, сокинонро даъват кардааст то ҳар нафаре ба доми фиреби ӯ афтода бошад, ба мақомот муроҷиат кунад.