goodwell
Алкарас барандаи «Masters»-и Париж шуд
10.11.2026
оила.тч
45

Алкарас барандаи «Masters»-и Париж шуд

Теннисбози испанӣ Карлос Алкарас дар финали мусобиқаи байналмилалии силсилаи «Masters-1000» дар Париж намояндаи ИМА Бен Шелтонро шикаст дода, бори аввал соҳиби унвони қаҳрамонӣ гардид.

Вохӯрии ниҳоӣ бо ҳисоби 7:6 (7:5), 7:5 ба фоидаи Алкарас анҷом ёфт. Бозӣ 1 соату 57 дақиқа идома карда, дар ҳарду сет миёни теннисбозон рақобати шадид сурат гирифт.

Ин пирӯзӣ барои Алкарас аҳамияти хос дошт, зеро ӯ тавонист бо шикасти Шелтон барои бохти моҳи сентябр дар марҳилаи чорякфинали мусобиқаи US Open қасос гирад.
Ҳамин тариқ, теннисбози испанӣ бори аввал дар фаъолияти варзишии худ Ҷоми мусобиқаи «Masters»-и Парижро ба даст овард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД