formula feb 2025
“Алиса” ва CHatGPT мардумро бесавод мекунанд
555

Ман мудири китобхонаи ҷамоат мебошам. Дар тӯли даҳ соли охир дар ҳамин вазифа кор мекунам. Дар ин муддат мушоҳида кардам, ки сол ба сол шумораи хонадагон камтар мешавад ва ин чиз маро ба ташвиш овардааст. Инро на ҳамчун мудири китобхона, балки ҳамчун як шахсе, ки ояндаи ватанаш барояш бефарқ нест, мегӯям.

Аввалин сабаби кам шудани сафи китобхонҳоро ман дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандие, ки дар кишвари мо сар зада буд, мебинам. Чаро? Ба фикри ман, он насле, ки дар он солҳо ба синни мактабӣ расида буд, нимхон монд. Дар он солҳо аксари мактабҳо ё баста буданд, ё қисман фаъолият доштанд. Муаллим набуд, моҳонаи дуруст набуд, ки ӯ кор кунад ва аксарияти онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанду синфҳо бесоҳиб монданд. Чунин ҳолат бештар дар қисматҳои ҷанубии кишвар, он ҷое, ки задухурдҳои ҷанги миллаткуш давом дошт, дида мешуд. Имрӯз, ана ҳамин насли “бесавод” ба камол расид, ки ҳавсалаи китобхонӣ надорад.

Сабаби дигар чунин ҳолатро барҳақ, пайдо шудани телефони мобилӣ медонанд. Зеро барои аз чизе огоҳ шудан, ба ҷойи он ки ягон чизи бадеӣ хонӣ, ба телефон нигоҳ карда, аз “Алиса” пурсӣ, ӯ зуд ҳамаашро ба ту гуфта медиҳад. Ба ҷойи хондани китоби “Се мушкетёр” бошад, филми кутоҳкардашудаашро тамошо карда, гумон мекунӣ, ки ҳоҷатат бароварда шуд. Аммо оё бо он тасвирҳое, ки Александ Дюма дар асари худ кардааст, ин тавр ошно шуда, аз он лаззат бурдан мумкин аст?! Албатта не, ва ҳаргиз телефон ҷои “китоби зинда”-ро гирифта наметавонад!

Боз як сабаби кам шудани сафи китобхонҳоро дар он мебинам, ки тарғиби китобу китобхонӣ солҳои охир хеле кам шудааст ва бояд ин корро пурзӯр карда, мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ” озмунҳоро бештар намуд...

Ин номаро ба хотири он навиштам, ки андешаҳои дигаронро низ, дар ин маврид фаҳмам ва аз ҳамаи хонадагон хоҳиш дорам, ақидаи худро дар ин маврид нависанд, то мо тавонем садди роҳи ин падидаи номатлуб гардем.

Бо эҳтиром, Сомеъа ВАЛИЕВА, н. Деваштич

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД