Мувофиқи шариати исломӣ ҳар зан бояд қалин ё маҳр дошта бошад. Дар бархе аз манотиқи кишвар нархи қалин бисёр боло аст ва аксарият инро ба беинсофии духтардорон рабт медиҳанд.
Аслан нархи қалинро набояд духтардор муайян кунад. Имрӯз духтардорон аз кам будани қалину писардорон аз зиёд будани он меноланд. Баъзеҳо бар онанд, ки қалини духтари хондагӣ бояд зиёдтар бошад.
Қалин ё маҳр яке аз масъалаҳои баҳсноки ҷомеаи мо ба шумор меравад. Дар ин бора назари як бонуи фаъол Марям Ҳафизоваро нашр мекунем, ки хеле бамаврид ва саривақтӣ аст.
- Ба волидони келин ҳаққи маҳр (қалин) медиҳеду ғуломи ҳалқабаргўш ба хона меоред? Аҷобати кор дар он аст, ки духтардор ҳамон 20 ё 30 ҳазор сомонии сабилмондаро мегираду ба болои он боз маблағи бештар монда, барои духтараш ҷиҳоз мехарад ва ба хонаи домод мебарад.
Бовар кунед, духтардор баробари писардор харҷ мекунад, аммо баъзе нафарони бефарҳанг мо қалин додем гўён, духтардорро забонкўтоҳ мекунанд. Ин як масъалаи танқидӣ ва баҳсбарангез аст, хубтараш қалин надиҳеду мувофиқи тавон ҳарду тараф барои навхонадорон туҳфаҳо харанд. Ба келин бошад, мисли духтари худ муносибат кунед.
Бознашр аз гурўҳи фейсбукии «Нигоҳи зан»