Мӯъҷиза!
Замоне дугоник таваллуд кардан мӯъҷиза ба шумор мерафт, вале акнун дугонику сегоник аз “мӯд” баромадааст. Солҳои охир баъзе занҳо якбора 4-5 фарзанд ба дунё меоранд.
Албатта дар ин миён хонумҳое ҳастанд, ки бо роҳи сунъӣ ҳомиладор шуда, якбора чанд тифл ба дунё меоранд, аммо бо роҳи табиӣ чоргонику панҷгонику шашгоник зоидани зан дар ҳақиқат мӯъҷиза аст. Бовар кардан душвор аст, вале зане бо исми Ҳалима нӯҳгоник ба дунё оварда, ҳамаро қоил кард.
Ҳалима 25-сол дорад. Ин ҷавонзани гандумгуни ситорагарм якбора панҷ писару чаҳор духтарча ба дунё оварда, ба қатори модарони серфарзанд даромад. Табибон вазъи саломатии зан ва фарзандони нӯҳгоникашро хуб арзёбӣ мекунанд.
Дар бораи таваллуди нӯҳгоникҳо Спутник дар такя ба маълумоти оҷонсии машҳури хабарии РИА Новости хабар додааст.
Таврк ки манбаъ мегӯяд, Ҳалима Сиссе зани африқӣ буда, бо роҳи ҷарроҳӣ нӯҳ фарзанди солим ба дунё овардааст. Нӯҳгоникҳо панҷ писар ва чаҳр духтар буда, вазъи саломатии модару кӯдаконаш хуб хеле аст.
Пештар ба Ҳалима гуфта буданд, ки дар батнаш 7 тифл дорад, вале зан ба ҷойи 7 якбора 9 фарзанди солим ба дунё овардааст. Дар бораи ин мӯъҷиза вазорати тандурустии Моли, ки Ҳалима Сиссе шаҳрванди он ҷо мебошад, хабар додааст.
"Ҳалима тариқи ҷарроҳӣ 9 фарзанди солим таваллуд кард. Қаблан хонаводаи ӯ танҳо аз 7 фарзанди дар батнаш буда, хабар дод, вале ҳангоми ҷарроҳӣ пизишкон панҷ писар ва 4 ", - навиштааст Вазорати тандурустии Малӣ дар сафҳаи Фейсбукиаш.
Ба давлатдори Малӣ ба хабари таваллуд шудани нӯҳ гоникҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, супориш додааст, ки модару кӯдаконашро барои назорати беҳтар ба бемористони марказӣ интиқол диҳанд.
Ёдова рмешавем, ки солҳои охир чунин ҳодисаҳои мӯъҷиза монанд тез-тез рӯй медиҳанд. Соли 2016 дар Ҳиндустон як зани 42-сола бо роҳи табиӣ 11 фарзанди солим ба дунё овард, аз ин пештар бошад, дар Русия як зан 10-гоник зоида, валвала барангехта буд.
Дар Тоҷикистон зане, ки дар таваллуди фарзанд ба қавле “рекорд” гузоштааст, модари панҷгоникҳои қубодиёнӣ Дилноза мебошад. Тавлиди панҷгоник дар оилаи Нурмуродовҳо дар Тоҷикистон ҳодисаи нодир ба шумор рафта, айни замон намояндагони ҳукумати маҳаллӣ барои ин хонавода манзили нав бунёд карда истодаанд.