formula
Александра: Нотарсӣ COVID-19-ро мағлуб мекунад!
3761


Нишонаҳои бемории коронавирус зиёданд, аммо на ҳамаи ин нишонаҳо дар одамон дида мешавад. Баъзан ҳолате мешавад, ки шахси мубталои COVID-19 аз сироят ёфтан аз ин беморӣ пай намебарад.

Ба ҳамин хотир мо саргузашти ҳар як беморро аз забони худаш иншо менамоем, то маълумоти бештарро пайдо намоед. Имрӯз қаҳрамони лоиҳаамон Александра Арестова мебошад. Мутаваҷҷеҳи сӯҳбати мо бошед

Давраи беморӣ

Арестова мегӯяд: Аз бемор шуданам ҳанӯз 2-ҳафта сипарӣ шудааст. Бемориямро на он қадар сабук гузаронида истодаам.

Нишонаҳои аввали беморӣ

Он рӯз дар дафтари корӣ будам. Худро бениҳоят бемадор, афсурдахотир ҳис намудам ва хостам бигирям. Аз кор ҷавоб гирифта, роҳ ҷониби хонаро пеш гирифтам. Табъамро санҷидам, ки 37.2 буд.

Дар давоми 3-рӯз дар хона хостам мустақилона ба худ табобаткунӣ машғул шавам, вале табъам аз 38-дараҷа поён нашуд. Доруи "Колдрекс" каме дардамро сабук кард, аммо пас аз чанд муддат боз табъам баланд гашт. Аллакай пай бурдам, ки ин нишонаҳо гувоҳи коронавирусанд ва зуд худамро аз аъзои оилаам дур гирифтаму ба ҳуҷраи алоҳида кӯчидам. Барои модарам бениҳоят хавотир шудам, чунки ӯ аллакай ҷавон нест ва иммунитеташ ҳам начандон устувор аст.

Ало, духтур куҷоӣ?

Рӯзи дигар духтурро ба хона даъват кардем. Омад. Ӯ бароям якчанд доруҳоро навишт. Инчунин, барои муайян кардани COVID-19 хост, ки рафта тест кунам ва аз ташхиси ТК ҳам гузарам.

Ҳамин тавр, рӯзи 4-уми бемориям фаро расид. Барои аз ташхтси ТК (томографияи компютерӣ) ва тест супоридан раҳсипор шудем.

Хатои бузургеро, ки дар ин ҳолат бемор метавонад содир кунад, ин аст, ки дар давоми якчанд соат гирдо гирди шаҳр мегардаду ҷойи тест супориданро мекобад! Тавсияи ман ҳамин аст: Беҳтараш давида ТК кунед! Ин ташхис ҳамаи чизро нишон медиҳад. Вақтро аз даст надиҳеду бо нафароне, ки нохост рӯ ба рӯ мешавед, онҳоро сироят накунед.

Билохира барои ташхиси ТК дар 7 рӯзи бемориям номнавис шудам, чунки дар беморхонаи "Ибни Сино" рӯзҳои қаблӣ ҳама номнавис шудаанд ва навбат нарасид.

Ташхис чӣ гуфт?

ТК кардем ва натиҷа нишон дод, ки мубталои бемории илтиҳоби шӯши тарафи чап шудаам. Пас аз ташхиси ТК духтурон гуфтанд, ки ман COVID-19 дорам ва тавсия доданд, ки зуд ба пулмонолог муроҷиат намоям. Ҳамин тавр ҳам кардам. Маро ба беморхонаи Қарияи Боло фиристоданд. Бояд давоми 5-рӯз ва ё бештар аз он зери назорати табибон дар он ҷо хоб мешудам, аммо мо тавонистем бо духтур ба мувофиқа биёему дар хонаам табобат гирам.

Давраи табобат

Бояд қайд намоям, ки дар рӯзи 7-8-уми бемориям табъ надоштам, аммо нафастангии сахт пайдо шуд. Худамро бениҳоят бемадор ҳис намудам ва дар қафаси синаам дард пайдо шуд. Гоҳҳо нафасам тамоман намебаромад. Табобатам вазбин мегузашт. Ҳанӯз ҳам давом дорад. Сӯзандору ва сӯзандоруи қатрагиро дар як рӯз 2-маротиба мегузаронанд ва як қиёмат дору истеъмол мекунам.

Дирӯз яке аз рӯзҳои бадтаринам буд. Тамоми рӯз нафасам гирифт. Ҳангоми сӯзандоруи қатрагӣ гузарондан, 7-маротиба сӯзанро халонданд, аммо рагамро наёфтанд, ҳамаи он маҳлули дору зери пӯстам рафт.

Бар зами ин, бемориям ба пӯстам аксуламал нишон дод, доначаҳо пайдо шуданд. Аз баъзе беморони COVID-19 дар пусташон доначаҳо пайдо мешаванд.

Шукр, ки умри дубора насибам гашт.

Ба модарам ва наздиконам сипосгузорам, ки дар ин вақти мушкил дар паҳлӯям ҳастанд! Ташаккури ҷудогона ба қаҳрамони сафедпӯш Валентина. Бе кӯмаки шумо ва дастгирии духтур намедонам ҳоло чӣ мешуд!Аз ҳамаи ин рӯзҳои паси сар кардаам бисёр чизҳоро пай бурдам:

-Вирус ба пневмония оварда мерасонад. Қариб 100% беморон пневмония мешаванд.

-Қариб 3 ҳафта аз беморӣ азият мекашед, пасон 2-ҳафтаи дигар лозим меояд, то организматон барқарор гардад.

-Нишонаҳои беморӣ гуногун мешаванд. Чӣ тавре, ки ба шумо айён шуд, ман ҳам табъ, нафастангӣ, хастагӣ ва доначаҳо доштам.

- На ҳамаи беморон сулфа мекунанд. Инчунин, ҳисси бӯй ва маззаро ҳам на ҳама гум мекунанд. Аммо якчанд муддат, ҳама гирифтори мушкилоти нафаскашӣ мешаванд.

- Тест кардан-ин сарф кардани вақт аст. Беҳтараш каме маблағ сарф намоеду ТК-и шуш кунед.

- Организматонро назорат кунед!

- Аз ҳама асос-аз ҳеҷ чиз натарсед! Ҳисси манфӣ ба шумо кӯмак намекунад! Самое главное - Ничего не бойтесь!

- Пас аз сиҳат шудан, то якчанд муддат мо дорандаи вирус ҳисоб мехӯрем, ба ламин хотир ҳушёр бошем, то касеро сироят накунем!

P.S: Ин таҷрибаи шахсӣ ва фикри субъективии Александра буд. Ӯ табиб нест. Дар ҳолати бемор шудан ҳатман бо духтур машварат кунед!

Хонандаи азиз, мо ҳозирем то саргузашти шумо ва ё наздиконатонро низ дар саҳифаамон ҷой кунем. Метавонед ба саҳифаи шахсии мо дар Фейсбук мактуб ирсол кунед ва ё метавонед ба рақами:(+992) 931807781 занг занед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД