Александр Горовой, муовини аввали вазири умури дохилии Русия бо нигаронӣ изҳор доштааст, ки дар қаламрави Русия беш аз 670 ҳазор одамон ба таври ғайриқонунӣ кору зиндагӣ карда истодаанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
"Ҳоло дар кишвар 670 ҳазор нафар ба таври ғайриқонунӣ зиндагӣ карда истодаанд. Бояд қайд намоям, ки сеяки онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд",- гуфтааст Александр Горовой дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози умумирусиягии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.
Горовой таъкид кардааст, ки қонун дар бораи муҷозоти шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, аз 10-уми сентябр ба иҷро даромада, мақомот ҳуқуқ доранд муҳоҷирони барои зисту зиндагӣ дар Русия асосҳои қонунӣ надоштаро аз кишвар ихроҷ - депортатсия намоянд.