Алайҳи модари Искандар Шафеъиён барои даъват накардани "Ёрии таъҷилӣ" парвандаи ҷиноӣ оғоз намуданд
Алайҳи модари Искандар Шафеъиён барои даъват накардани табибони “Ёрии таъҷилӣ” парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Додситони вилояти Суғд Ҳусейн Давлатзода дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Искандар Шафеиён, сардори пештараи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати шаҳри Исфара шаби 7 ба 8-уми декабри соли 2025 ҳамроҳи ҳамсараш Муаттарахон Муҳаммадиева ва духтари 4-солааш Сумаяхон бар асари заҳролудшавӣ аз дӯди ангишт фавтида, духтари дигарашон Рухшона Искандарзодаи 7 сола ба беморхона афтид.
“Ҳикмат Шодиева, модари марҳум Искандар Шафеиён дар хонаи истиқоматии писараш қарор доштааст, вале ба беморон ягон ёрӣ нарасонида, дидаву дониста, ки вазъи саломатияшон бад шуда истодааст, ёрии таъҷилиро даъват накардааст”, - изҳор доштааст додситони вилояти Суғд Ҳусейн Давлатзода.