Arzon march 2024
Ғалабаи аввалини Миҷгона Самадова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс
341

Муштзани тоҷик Миҷгона Самадова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни занон дар Сербия ғалабаи аввалинашро ба даст овард. Миҷгона тавонист ҳарифаш Палома Диана Переси мексикоиро мағлуб намояд.

Миҷгона Самадова, ки дар вазни 57 кг рақобат мекунад, бо ҳисоби 5:0 ҳарифашро мағлуб намуда, бо қарори якдилонаи доварон ғолиб эълон карда шудааст.

Имрӯз муштзани дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова дар вазни 60 кг бо боксёри турк Озер Гизем қувваозмоӣ мекунад. Рақиби якуми Шоира аз ЮАР ба даври дуюм набаромад ва боксёри тоҷик ғолиб эълон карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД