Вазорати маориф ва илми кишвар эълон кардааст, ки давоми ду ҳафта хонандагони синфҳои аз 1 то 4 дар рӯзи шанбе дарс мехонанд.
Тибқи банди 2-юми Фармоиши вазири маориф ва илм “Дар бораи аз худ намудани соатҳои дарсии дар давоми таътили зимистона иҷронашуда” дар муассисаҳои таълимӣ аз 15 феврали соли 2023, №165, рӯзҳои шанбеи 13 ва 20 май барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ дарс гузашта мешавад.
ИНЧУНИН, ХОНЕД:
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи январи имсол Вазорати маориф ва илми кишвар бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону таътили зимистонаи хонандагонро то 20 январ тамдид карда буд.
Он замон вазорат таъкид карда буд, ки соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад.