Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сару садоҳоро дар бораи он ки гӯё таътили зимистонаи мактаббачаҳо бо сабаби сармои шадид ва боришоти зиёди барф то 25-январ ё 1-феврал дароз карда шудааст, рад намуд.
Вазорати маориф таъкид кардааст, ки волидон ба ба ҳар гуна хабарҳои беасос ва фейкӣ бовар накунанд.
“Бори дигар,Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорон ва падару модарон мерасонад, ки бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 20 январи соли 2023 тамдид карда шудааст”
- омадааст дар иттилоъияи вазорати маориф ва илми кишвар.
Ҳамин тавр машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегарданд.