Салом! Ман ҷавонзани 28-солаи дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайронмонда, мехоҳам сарнавишти талхамро нақл карда, кулбори ғаму аламҳои диламро холӣ кунам.
Мо дар оила 4 духтару як писар ҳастем. Падарам барвақт аз дунё гузаштанд ва акаам, ки фарзанди калонии оила буд, сарвари хонавода шуда монд. Раҳматӣ падарам одами бомаърифат буданд ва ҳамеша таъкид мекарданд, ки нағз хонда, соҳиби маълумоти олӣ ва касбу кор шавем, то ки дар зиндагӣ ба касе муҳтоҷ нагардем, вале баъди сари падарам акаам “духтара чию хонданаш чӣ” гӯён, моро ба мактаб рафтан намонд. Азбаски акаам бисёр ҷавони бадҷаҳл буд, модарам аз писараш метарсид ва наметавонист моро тарафгирӣ кунад, зеро бародарам хӯҷаини мутлақи хона шуда монда буд.
Хулласи калом, баъди марги падарам мо - чор хоҳар ғуломи акаю янга шуда мондем. Корамон рӯз то бегоҳ фақат рӯфтану шустану пухтан ва нигоҳубини фарзандони акаам буд, аммо ба ҷойи раҳмат фақат дашному ҳақорат мешунидем.
Ҳамин тавр, маро дар 17-солагиам акаам зӯран ба як хеши занаш ба шавҳар дод. Пас аз тӯй фаҳмидам, ки домод майзада будааст, аммо дигар кор аз кор гузашта буд.
Шавҳарам бар замми майзада ва бекорхӯҷа буданаш бениҳоят бадрашк ва бадқаҳр аст. Ҳафтае нест, ки бо ягон баҳона маро зери мушту лагад нагирад, вале аз ночорӣ ба ҳама ранҷу азобаш тоқат карда, 4 фарзанд ба дунё овардам. Дар ин миён чанд маротиба шавҳарам маро чунон сахт зад, ки дасту поям шикаст, вале ҳар гоҳ, ки қаҳр карда, ба хонаамон равам, акаам “сад бор гуфтам, ки дигар дар ин хона барои ту ва сағераҳоят ҷой нест, хез, зада кушад ҳам, ба хонаи шавҳарат рав” гӯён, маро дубора ба хонаам мефиристад.
Ҷонам аз чунин зиндагии сагона ба лабам расидааст. Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Л. Ф.