Агентии мубориза бо фасод аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ хабар дод
13.02.2026
Оила
39

Агентии мубориза бо фасод аз афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ хабар дод

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳоеро, ки дар онҳо ҷиноятҳои хислати коррупсионӣ дошта бештар ошкор гаштаанд, номбар кард.

Имрӯз, 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ дар агентӣ қайд карда шуд, ки бештари ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва соҳаҳои тандурустӣ, маориф, мудофиа, кишоварзӣ ва Кумитаи идораи замин ошкор шудаанд. Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар ҳукуматҳои маҳаллӣ 235 ҷиноят, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 159, маориф ва илм 116, Кумитаи давлатии идораи замин 91 ва соҳаи кишоварзӣ 24 ҷинояти хислати коррупсионӣ дошта ошкор карда шудааст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД