Салом! Ман як духтари ҷавони ба дарди ҷонсӯзи ишқ гирифторшуда мехоҳам аз шумо маслиҳат пурсам.
Ҷавонеро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорам. Ростӣ, ин ҷавонро аз ҷонам бештар дӯст дорам ҳам, аввалҳо аз дидорбинӣ бо ӯ сахт метарсидам, зеро падарам марди обрӯманд аст ва ман намехостам, ки дар назди дӯсту душман беобрӯ гардад. Аммо ишқи дӯстдоштаам билохира ғалаба карду мо бо ҳам вомехӯрдагӣ шудем.
Аз овозаи мардум, аниқтараш аз гапу калочаи ҳамсояҳо тарсида муносибатҳоямонро пинҳон медоштам. Кӯшиш мекардам, ки моро бо ҳам набинанд, вале ишқро ҳам мисли офтоб пинҳон карда намешудааст.
Аллакай ними ҳамсояҳо аз ишқи мо огоҳанд. Метарсам, ки ягон рӯз овозаи ишқу ошиқии ман бо ин ҷавон ба гӯши падарам нарасад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед,чи кор кунам?
Бо эҳтиром, Г. аз шаҳри Душанбе
Аз идора: Хоҳари азиз, волидонатон қиссаи ишқу ошиқии шуморо аз забони дигарон шунаванд, оташи қаҳру ғазабашон бештар аланга мезанад. Бинобар ин, беҳтар он аст, ки худатон рози дилатонро кушода, ба модаратон дар бораи ин ҷавонро дӯст доштанатон бигӯед.
Беҳтарин ҳамрози духтар модар аст ва ӯ метавонад дили падаратонро ёфта, ӯро ба издивоҷи шумоён розӣ созад.
Дуввум, ба ошиқатон бигӯед, ки агар дар ҳақиқат шуморо дӯст медошта бошад, волидонашро ба хонаатон ба хостгорӣ фиристад. Танҳо издивоҷи шумоён метавонад даҳони ҳаққу ҳамсояҳоро бандад. Боқӣ бароятон хушбахтӣ мехоҳем.