Бегоҳ аз кор ба хона мерафтам. Дар истгоҳ чашмам ба зани гирёне афтид, ки рӯйи харак нишаста «илоҳо хонаат сӯзад» гӯён, касеро дуоҳои бад мекард.
Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту дар бараш нишастам ва боодобона салом дода, сабаби ашки сӯзон рехтанашро пурсон шудам. Ҷавонзан оби дидаашро бо гӯшаи рӯймолаш пок намуда гуфт: «Шавҳарамро дуо карда истодаам, илоҳо гӯраш даргирад, ҳаётамро сӯхт касофати худозада…»
Ба маънии суханонаш чандон сарфаҳм нарафта хоҳиш намудам, ки саргузашташро муфассалтар нақл кунад, то хонандагони мо барояш маслиҳатҳои судманд диҳанд. Зан оҳи сард кашида чунин қисса кард:
Маҳбуба ном дорам. Маро дар 17-солагиам ба шавҳар доданд. Бародарам домодшавандаро таърифу тавсифкунон ба осмони ҳафтум бароварда буд. Бачаи нағзи хондагӣ ва соҳиби ҷои кору обрӯ будааст гуфта розигӣ додам. Тўяки хоксоронае ороста маро ба хонаи бахтам гусел намуданд. Зиндагии оилавиро ширину гуворо тасаввур мекардам, вале аз рӯзе, ки қадам ба остонаи шавҳар ниҳодам, ягон лаҳзаи шодиро надидам. Хушдоманам бисёр занаки бадҷаҳл буд, гапкаширо дӯст медошт. Ҷосуси тапа-тайёр буд, қадам ба қадам аз пасам поида мегашт, ки чӣ кор мекунам. Рӯзи дароз хар барин кор кунам ҳам дар назараш наметофт, гӯё маро келин не, хизматгор гирифта оварда бошанд. Тамоми чизу чораи аз хонаи падарам овардаамро фурӯхт. Аз дасти хушдоман ба дод омада бошам ҳам, дарди диламро ба касе гуфта наметавонистам. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳарам «ту ба модарам маъқул нестӣ, хоҳарамро писанд накардӣ, хонаву дари моро ифлос намудӣ» гӯён, маро мезад. Азобҳои сагро дар ин хонадон кашида соҳиби ду фарзанд шудам. Падарашон ба ҷойи меҳрубонӣ кардан кӯдакони хурдсоламро бераҳмона ҷазо медод. Дилам барои тифлаконам ҷиз-ҷиз сӯзад ҳам, аз тарси шавҳару хушдомани ҷоҳилам чизе гуфта наметавонистам. Рӯзе писарчаи хурдиамро падараш бисёр бераҳмона зад. Косаи сабрам лабрез гашта, гуфтам: «Ману бачаҳоям, ки дар ин хона зиёдатӣ бошем, талоқамро деҳ, кӯдаконамро гирифта меравам!» Шавҳарам магар маътали ишора будааст, ки дарҳол ҷавоби маро дод. Аз чизу чораи овардаам ҳатто як хасро ҳам нагирифта таги як курта бо бачаҳоям ба хонаи падарам баргаштам. Пайвандонам хабари аз шавҳарам чудо шудани маро шунида норозиёна «мо туро ба шавҳар додем, ки хонақап шуда, бо як бахту бо як тахт то охир зиндагӣ кунӣ, ту бошӣ, ду сағераи дигарро ба мо дарди сар овардаӣ» гӯён, абрӯ чин карданд. Сахт ранҷида гуфтам: «Натарсед, ману фарзандонам дарди сари шумо шуданӣ нестем» ва бо чашмони пуроб аз хонаи падар берун шудам. Касе аз аҳли оила ақаллан барои тасаллои дилам нагуфт, ки ист, нарав, туву бачаҳоят дунёхӯр нестед, як бурда нон мехӯред…
Шабро дар хонаи як хешамон саҳар карда, сари субҳи солеҳон ҳамроҳи кӯдаконам ба шаҳр омадам. Чанд муддат дар бозори Саховат ба тиҷорати хурд машғул будам, аммо ҳеҷ корам барор нагирифт. Зӯрам ба пардохти иҷорапулӣ намерасад, барои ҳамин соҳибхонаҳо маро аз дар берун мекунанд. Дигар ягон ҷойи рафтан надорам. Безор шудаам аз чунин зиндагии сагона. Мурдан мехоҳам, аммо хотири ду писари дўстрўякам аз худкушӣ худдорӣ карда гаштаам. Ҳайронам, ки оқибати зиндагии бесомони ман чӣ мешуда бошад, охир то ба кай шабро дар хонаҳои мардум рўз карда, гуруснаву ташна мегардем? Ҳамааш айби шавҳарам, агар вай каме нангу номуси мардӣ медошт, зану фарзандонаш чунин хору зор намешуданд. Дар дуроҳаи зиндагӣ маро сарсону саргардон кардӣ, илоҳо хонаат сӯзад, мардак!
Маҳбуба, хонандаи «Оила»