Ниёгони мо дар тӯли ҳазорсола суфраи наврӯзии худро ҳамеша бо “ҳафтсин”, “ҳафтшин” ва “ҳастмим” оро медоданд. Чаро маҳз ҳамин чизҳоро интихоб мекарданд ва чи асрору ҳикмате дар хони наврӯзӣ ниҳон аст?
“Ҳафтсин”-хони махсуси наврӯзист, ки дар ҷашни Наврӯз бо 7 чизе, ки бо ҳарфи форсии “Син” шурӯъ мешаванд, зиннат дода мешавад: синҷид, сабза, самок, сир, суманак, сикка ва сирко.
Ҳар як ашёи рамзи махсусеро ифода менамояд: себ - аломати зебоӣ, сабза, яъне донаҳои сабзидаи тухми гандум - рамзи зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, сирко - дарозумрӣ ва сабру тоқат, санҷид - меҳру муҳаббати поку беолоиш, сикка - сарвату дороӣ, шукуфоӣ, сир - тандурустӣ ва дур гаштан аз бадбахтию нокомӣ ва суманак - рамзи фаровонию осудагӣ. Суманак ҷузъи аз ҳама асосӣ ва ҳатмии дастархони наврӯзӣ мебошад. ки бидуни он густурдани суфраи идона қобили қабул нест. Барои пухтани суманак қаблан суста дар табақ мегиранд ва рӯяшро бо дока пӯшонда, ҳар рӯз ба он об мешонад. Пас аз сабзидани сабзаи суманак онро аз уғурак гузаронида, обашро мегиранд ва бо орд омехта карда, суманаки кулчагӣ ё дегӣ мепазанд. Суманаки дегиро занҳо аз шаб то саҳар кофта, бо рақсу бозӣ мепазанд. Бадеги суманак 7 дона сангча андохтан лозим аст. Маъмулан ҳангоми кофтани деги суманак занҳо ин таронаҳоро месароянд:
Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,
Дигарон дар хоб, мо кафча занем.
“ҳафтсин”-и хони наврӯзӣ дар оғози соли нав барои тарбияи нафси инсон, таҳзиби ахлоқи ӯ ва иртиқои рӯҳи инсон равона шудааст. Оинҳои наврӯзӣ моро бо гузаштаи дури ниёгонамон пайванд намуда, фарҳанги миллатамонро бо унсурҳои хеш ғанӣ мегардонад. Собиқаи “ҳафтсин” ва “ҳафтшин”бисёр қадимӣ буда, ба замони шоҳ Ҷамшед мерасад. Тавре Абӯрайҳони Берунӣ дар асарҳояш менигорад, собиқаи “ҳафтсин” ба рӯзгори ниёпарастӣ мерасида ва дар он давру замон ҳамчунин “ҳафтшин” низ дар дастархони наврӯзӣ маъмул будааст. Дар суфраи “Ҳафтшин” ҳафт чизе, ки бо ҳарфи шин шурӯъ мешаванд, гузошта мешаванд: шакар, шарбат, ширинӣ шамъ, шона, шир, шароб. Рӯзгоре низ буда, ки “ҳафтмим” (мева, моҳӣ, мурғ, мураббо, мускатӣ ва мичу)-ро дар суфраи наврӯзӣ мегузоштаанд. Ин ҳама аз густардагӣ, гуногунӣ ва рангорангии суфраи наврӯзии аҷдодамон дарак медиҳад ва имрӯз низ мо бояд ин анъанаҳои миллии худро зинда нигаҳ дорем.