arzon replenishment
Афтидану захмӣ шудани кӯдак дар хоби модар чӣ таъбир дорад?
1584


Се-чор шаб шуд, ки пай дар пай дар хобам духтарчаи яксолаву думоҳаам афтида, сахт маҷруҳ мешавад. Шаби аввал хоб дидам, ки духтарам дар хонаи амааш, яъне қайсингилам афтида, сараш маҷақ шудааст, шаби дигар аз зинапойи хонаи худамон ғелида сараш сахт лат хӯрд, баъд аз болкон афтида, сару рӯяш тамоман хуншор гашт.

Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед, чунки баъди ҳамон шаби аввали хоб диданам духтарам дар ҳақиқат афтида, пешонааш сахт зад ва варам кард. Сахт хавотирам, ки ягон ҳодисаи нохуш бо фарзандам рӯй надиҳад.

                           Посух
Афтидани кӯдак дар хоб рамзи сар задани мушкилиҳо дар зиндагии инсон аст, аммо дар хобномаҳои исломӣ омадааст, ки бо душвориҳои зиёд бошад ҳам, шахси хобдида тамоми мушкилиҳоро бо кӯмак ва инояти Худованди меҳрубон пушти сар хоҳад кард. Кӯдак афтида бошад ҳам, ягон ҷароҳати вазнин набардорад, мушкилиҳои ба амал омада ба зудӣ рафъ мегарданд, вале ягон ҷойи кӯдак бар асари афтидан шиканад ё сахт захмӣ шавад, волидонаш зарари калони молиявӣ мебинанд.

Хоб бинед, ки кӯдак пешпоӣ хурда афтид, шуморо дар ягон кор ноумедӣ интизор аст, нақшаҳоятон амалӣ гарданд ҳам, шуморо шод намесозанд.

Дар баъзе обномаҳо омадааст, ки агар бар сари афтидан кӯдак сахт захмӣ шавад, ҷароҳати вазнин бардорад ва ё сару рӯяш хуншор гардад, шахси хобдида бо мушкилоти пулӣ рӯ ба рӯ мегардад ё ягон дӯсти наздикашро аз даст медиҳад.

Хоб бинед, ки кӯдак аз тиреза афтидааст, ягон ҳодисаи нохуше дар ҳаётатон ба амал меояд, ки монеъи амалӣ гаштани нақшаҳои шумо хоҳад гашт.
Дар хобномаҳо омадааст, ки афтидани кӯдак аз айвон-балкон дар хоб ба беморӣ ишорат мекунад, бинобар ин, шумо бояд ба саломатии худ ва фарзандонатон диққати ҷиддӣ диҳед. Афтидани кӯдак аз айвон метавонад ҳамчунин як нав огоҳӣ бошад, ки шахси хобдида пули калонеро аз даст дода, ба қавле “бонкрот” мешавад ва ба гирдоби қарз меғутад.

Кас хоб бинад, ки кӯдакаш афтидааст ва аз тарс бедор дод зада шавад, дар бораи оилааш ягон овозаи нохуш пайдо мешавад.
Афтидани писарча дар хоб хуб аст. Чунин хоб ба он ишорат мекунад, ки шахси хобдида аз бепарвоию беандешагии рақибонаш фоида ба даст меорад.

Афтидани духтарча дар хоби зан як навъҳушдор аст, ки зудбоварию содагиашро як сӯ гузорад, вагарна ба доми макру фиреби мардон афтида, азоби рӯҳӣ хоҳад кашид.

Дар охир таъкид карданием, ки афтидани кӯдак дар хоб метавонад аз рӯйи асабонияти модар низ бошад. Вақте зан ҳамеша дар ҳарос аст, ки мабодо бо фарзандаш ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад, чунин хобҳои даҳшатнок мебинад, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки худро ба даст гирифта ором шавед.

Худо хоҳад бо фарзанди шумо ягон ҳодисаи нохуш рӯй намедиҳад, чунки нигаҳбони ҳамаи инсонҳо, хоҳ хурду хоҳ бюузург танҳо Аллоҳи меҳрубон аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД