Аз 24 то 29 апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи "Ҳафтаи аврупоии имунизатсия" гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ зери шиори "Ҳар як воя муҳим аст. Вақт муҳим аст." хоҳад гузашт.
Бо ташаббуси Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрфилактика", намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар мақомотҳои марбута бахшида ба ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар меҳмонхонаи "Сирена" нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Мақсади асосии нишаст баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ дар боби аҳамияти иммунизатсия дар самти нигаҳдории саломатии аҳолӣ буда, ваксинатороне, ки ба воситаи ваксинаҳо саҳми худро дар ҳифзи саломатии инсонҳо гузоштаанд, қадрдонӣ карда шуданд.
Нақши ваксинатсия дар пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи саломатии инсон хеле бузург аст.
Ҳадаф аз эълон намудани "Ҳафтаи аврупоии имунизатсия"дар он аст, ки соли 2023-ро "Соли имунизатсия " эълон карда, давоми сол ба кӯдаконе, ки дар давраи пандемия бозмонда шуда буданд, ба ваксина фаро гирифта шаванд.
Ҳамасола Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Бюрои минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ҷонибдорӣ намуда, дар давоми “Ҳафтаи аврупои имунизатсия”чорабиниҳои тарғиботиро миёни аҳолӣ пурқувват месозад ва роҳҳои самараноки ваксинатсияро барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дар амал ҷорӣ менамояд.