toyota motors
Афсонаи муҳаббат (ҚИСМИ 9)
557

Юлдош пирони дар гирди дастурхони пурнозу неъмат ҷамъ омадаро бо нигоҳи хашмолуд як-як аз назар гузаронд. Аввал сулфида, гулӯяшро тоза карда, ба сухан сар кард.

- Чунин ҳодиса дар таърихи қавми мо рӯй надода буд. Рафтори Мафтуна обрӯйи моро резонд. Бо ин нангу ор бо кадом рӯй менигарем. Дар содир намудани фалокат шумоҳо ҳам айбдоред…

- Мо чӣ гуноҳ дорем?,- Сафармади навадсола пеши гапи саравлодро бурид.

- Дидед, ки духтар бероҳа шуд,- саволи мӯйсафед ба Юлдош нафорид ва нигоҳи оташборашро ба рӯйи чоли кӯҳансолтарини қавм равона карда, ҷавоб гардонд,- худро бетараф гирифтед.

- Мо ба зиндагии худ, ба ҳаёти фарзандони худ овораем,- пирамард аз нигоҳи хашмолуди Юлдош наҳаросид.- Фикру зикрамон ба онҳо банд мебошад. Духтар, ки танҳо монд, ба ҳар кор даст мезанад.

- Пагоҳ агар духтари худат ба ҷавони тоҷик часпад, чӣ кор мекардӣ?,- ором намегирифт Юлдош.

- Сарашро аз тан ҷудо мекардам,- Сафармад пиёларо ба як тараф ҳаво дод.

- Ана, дарҳол роҳи ҳалли мушкилотро гуфтӣ,- каме таскин ёфт Юлдош.- Ин ҷо чӣ кор мекардем?

- Биёед фоҷиа накунем,- Зикир ба суҳбат ҳамроҳ шуд.- Хайр, як духтар рафтааст, бало ба пасаш.- Аз ин рӯз ин тараф назоратро аз болои духтарон пурзӯр намоем.

- Ҳине ки ман хостгор шудам, ҳамаатон ба даҳон об гирифта, хомӯширо афзал донистед,- саравлод дарди дилашро баён кард.

- О, ту ду зан дорӣ, бас будагист,- Сафармад эътироз кард.- Поят ба лаби гӯр расидаасту духтари ҷавон мехоҳӣ.

- Сардори қавм кист?,- наъра кашид Юлдош.

- Ту,- пирамард натарсида ба савол ҷавоб гардонд.- Лекин аз ҳад нагузарон. Духтарро бесоҳиб дида, иштиҳоят қозгир шуд. Ҳай-ҳай накунем, ба духтарони мо ҳам чашм ало мекунӣ.

- Набошад каси дигарро сардор интихоб кунед,- Юлдош тасбеҳро ба кунҷи хона ҳаво дод.- Ман аз шумо интизом, тартибот ва муқаддас доштани урфу одатро талаб дорам. Шумоҳо бошед, ба ҷойи маро дастгирӣ кардан айёрӣ намуда истодаед.

- Ором, бародарон, ором,- Ҳайдар, ки то ин дам хомӯшона баҳсро гӯш мекард, ба байн даромад.- Юлдош, худатро ба даст бигир. Духтар рафт. Ту бигӯй, ки мо акнун чӣ кор кунем? Шавҳараш милиса. Муфаттиш. Магар зӯри мо мерасад?

Ҳама ба тарафдории сухани Ҳайдар овоз баланд карданд. Юлдош донист, ки аз дасти ҳамқавмҳояш коре намеояд.

- Ман то зиндаам,- Юлдош ба рӯйи мӯйсафедони қавмаш бо ғурур нигариста, бо ғазаб нияти худро эълон кард,- Мафтунаро аз дасти ин оқи падар кашида мегирам, то ки кирдори ӯ ба дигар духтарони деҳа сироят накунад. Агар дар ин роҳ мурам ҳам, аз мақсадам даст намекашам.

- Сағираи баднафс, ба ман ду зарба расонд,- баъд аз каме ором кардани асабаш Юлдош боз ба гап даромад.- Якум, Мафтунаро аз дастам кашида гирифт. Дуюм, бо қарори суд маблағи зарари мошинро рӯёнд. Барои супоридани ҷарима маҷбур шудам ду буққаро фурӯхта, маблағи калонро ба кисаи рақиби ашаддиям андозам…

Писарбача дарро бо шаст кушода, дод зад:

- Ака, дар пеши хонаатон як гурӯҳ ҷӯгизанон ҷамъ шуда, ба даруни ҳавлӣ сангу кулӯх партофта, дар ҳаққи занатон дашному ҳақорат мефиристанд.

Файзулло ба берун давид. Ба мошин нишаста, ба ҷойи ҳодиса омад. Гурӯҳ амали ношоистаи худро давом медод. Аз кисаи пиҷак туфангро бароварда, ба ҳаво тир парронд. Фақат бо ҳамин амал ғавғою доду фарёди баланди онҳоро пахш кардан мумкин буд.

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД