goodwell
Афсонаи муҳаббат (ҚИСМИ 8)
23

Мафтуна шавҳарашро дар байни ҳуҷра болои курпача хобонд. Рӯйи баданашро бо матои суфи сафед пӯшонд ва таёқе ба даст гирифтаву халтае ба китф овезон карда, се маротиба дар атрофаш ба чарх задан даромад ва бо овози баланд уҳдадориҳояшро қироат намуд.

- Зиндаву мурдаи марди интихоб кардаам дар дасти ман аст ва то ҷон дар бадан дорам, ӯро ҳаматарафа таъмин мекунам,- ва се бор таёқро болои бадани шавҳар оҳиста расонд.

Бо ба охир расидани ин анъана Файзулло аз ҷой бархест ва бо ханда гуфт:

- Аз пагоҳ ин таёқу ин халтаву ин матоъро ба оташ парто ва аз баҳри садақаталабӣ даст бикаш.

- Амрат, ҷонакам, барои ман фармон аст,- Мафтуна худро ба оғӯши шавҳараш партофт.

Вале бегоҳӣ Файзулло аз кор баргашта, шоҳиди ҳодисаи ҳайратоваре гардид.

Дар чор гӯшаи ҳавлӣ чор хӯса гузошта, Мафтуна таёқ бар дасту халта бар китф ба назди ҳар хӯсае омада, даст дароз карда, мегуфт:

- Ба ҳурмати Худованди карим садақа диҳед. Парвардигор умри фарзандонатро дароз кунад. Ба арвоҳи гузаштагон хайр кунед.

- Ин чӣ саҳнаест, Мафтунаҷон?,- бо нимтабассум савол дод Файзулло.

- Шавҳари меҳрубонам, ҳайрон нашавед,- каме дар хиҷолат монд Мафтуна.- Охир, мо урфу одати ҳазорсолаҳо дар хуну пӯстамон нишастаро якбора партофта наметавонем. Ваъда медиҳам, ки бо мурури замон тарки ин одати аҷдодӣ мекунам...

- Забоната газ, тармарг!,- дод зад мӯйсафед.- Даҳонатро пӯш! Ҷӯгиҳо ба дини мубини ислом шак овардаанд. Номи мубораки пайғамбарро дар варақ навишта, ба зери патаки пойафзолашон пинҳонӣ гузошта, бо ин амали зишташон ба ҳазрати пайғамбари охирзамон беҳурматӣ зоҳир намудаанд. Ман туро оқ мекунам. Аз ҳамин рӯз эътиборан ту фарзанди ман нестӣ. Ба тӯю маъракаву ҷанозаам набиё,- мӯйсафед бо ҷаҳл рӯй тофт ва ба ҳамсараш, ки ашкҳои шашқатор шоридаи худро бо лаби докаи сар тоза мекард, муроҷиат намуд:

- Рафтем! На рӯяшро бинаму на овозашро шунавам.

Онҳо рафтанд. Файзулло чанд муддат лолу карахт пушти дарвоза истод. Ин манзараи риққатоварро чанд занҳои ҳамсоя ҳам мешуниданду ҳам аз пушти тирезаву аз роғи дарвоза тамошо доштанд.

Ӯ ба хона даромад. Мафтуна болои роҳаткурсӣ нишаста ашк мерехт.

- Азизакам, ҳеҷ тӯфони даҳшатборе моро аз ҳам ҷудо карда наметавонад,- Файзулло бари ҳамсараш нишаста, ӯро бо меҳр ба оғӯш кашид.

- Ҷонакам, биё аз ин ҷо равем,- оби дидагонашро бо остини куртааш пок карда, Мафтуна ба зорӣ даромад.

- Ба куҷо?,- ҳайрон савол дод Файзулло. Дар ҳоле ки баъд аз гуфтугӯ бо сардор ин фикр пайваста дар сараш чарх мезад.

- Ба ягон кунҷи дунё,- бо нигоҳи илтиҷоомез Мафтуна ба шавҳараш нигарист.- Дар ин ҷо истода, барои ман шуда, азоби рӯҳӣ мекашӣ.

- Ба фикрам дигар ҳеҷ кас ба зиндагии мо дахолат намекунад,- Файзулло занашро осуда карданӣ шуд.

- Юлдош чӣ?,- Мафтуна таҳдиди саравлодро ба хотири шавҳараш расонданӣ шуд.- Ин пирсаг дар назди аҳли авлод қасам хӯрдааст…

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД