toyota motors
Афсонаи муҳаббат (ҚИСМИ 5)
16

Ҳамкорон ва махсусан духтарони шуъба парешонҳолии муфаттишро масхара мекарданд ва бо истеҳзою мазоҳ аз қафояш ғайбат мекарданд.

Нисфирӯзӣ Файзулло аз ҳама охир ба ошхона даромада, аз бари мизе, ки панҷ нафар духтарон нишаста хӯрок мехӯрданд, гузашта, ба мизи охирин рафта, болои курсӣ худро партофт.

- Худи ғул барин аз барамон гузашта, ҳатто иштиҳои том ҳам нагуфт,- пичинг партофт Дилноза.

- Аз таваҷҷуҳаш безорам,- лаб бурма кард Саида.

- Чӣ, аз ӯ гапи ноҷое шунидӣ?,- пурсид Каромат.

- Гапи ноҷояш аз сараш монад,- буғзи дилашро кафонд Саида.- Пайти муносиб ҷуста, ба дафтари кориаш даромадам. Рӯ ба рӯяш нишастаму лаби доманамро бардоштам, то ки ба суруни сап – сафеди ронам таваҷҷуҳ карда, бо ин амалам дилашро ба худ моил карданӣ шудам. Медонед, дугонаҳо, чӣ гуфт?

- Чӣ гуфт?,- духтарон баробар саволро такрор карданд.

- Хезу аз назарам гум шав, фоҳиша,- гуфта маро аз дар биронд.- Аз ҳамон лаҳза нисбаташ нафрат дорам ва ҳангоми рӯ ба рӯ задан ҳатто саломаш намедиҳам.

- Медонед, чӣ, духтарҳо,- ба гап ҳамроҳ шуд Фарида,- ман чӣ кор кардам?

- Чӣ кор кардӣ?,- ба ҷойи ҳама Шамъигул савол дод.

- Дар роҳрав рӯ ба рӯ задему ман ба ӯ чашмакӣ задам,- ба нақли ҳодиса гузашт Фарида.

- Ин амали ту ӯро девона кардагист?,- бо ханда пурсид Шамъигул.

- Куҷо,- абрӯвонашро гиреҳ баст Фарида.- Бо нафрат “Ин қилиқатро аз кадом фоҳишахона омӯхтӣ?” гуфта, аз барам гузашта рафт. Аз ҳамон рӯз эътиборан ӯро чашми дидан надорам.

- Хайр, Дилнозаҷон, бигӯй, ки ту барои ба даст овардани дили аз санг тарошидаи ӯ чӣ ҳиллаву найрангро ба кор бурдӣ?,– Малоҳат ба дугонаи дасти росташ муроҷиат кард.

- Дар роҳрав касе набуд,- Дилноза ба тарафи Файзулло нигоҳи хашмолудашро равона кард.– Ӯ ба тарафи ман меомад. Ман гӯиё пешпо хӯрда бошам, худро ба бағалаш партофтам ва пешобағаламро ба қафаси синааш часпондам. Ношукрибанда ба ҷойи маро сахт ба оғӯш гирад, бо нафрат ба як тараф тела дода, гуфт...

- Чӣ гуфт?,– духтарон бетоқатона интизори ҷавоб шуданд.

- Ман аз он мардҳое, ки ту гумон мекунӣ, нестам, гуфта, маро аз худ ба як тараф тела дода, роҳашро давом дод. Ҳамин шуду дигар номашро шунавам, ба ҳафт пушташ дуову нафрин мехонам.

- Дили ӯро медонед, дугонаҳо, кӣ ба даст даровардааст?,- Холдона, ки то ин вақт аламу ҳасрати духтаронро хомӯшона гӯш мекард, ҷилави суҳбатро ба даст гирифт.

- Кӣ?,- пасу пеш савол партофтанд духтарон.

- Аз рӯйи гапу калочаи занакои сари кӯча, ин ҷавонмард ба тӯри ҷӯгидухтаре аз деҳаи Моинкаҷ афтидааст.

- Фу,- ба ҷойи ҳама Саида ба як тараф туфашро ҳаво дод.- Наход духтарони нозанини миллати худро ба ҳамон сияҳпичамарги бадбӯйи сиёҳи мазанг иваз кунад!?

- Фаромӯш накунед, ки мавизи сиёҳ бомазза мешавад,- Холдона ҳикмати халқиро ба хотири духтарон овард.- Баъдан, дил дили Зайнаб аст. Дил рангу пӯст, миллату сарҳадро намепазирад.

- Ъэ, ман ба ин гуна дил туф кардам,- Саида башаст аз ҷойи нишаст қомат бардошт.- Хезед, дугонаҳо! Вақти истироҳат ба охир расид…

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД