goodwell
Афсонаи муҳаббат (ҚИСМИ 11)
16

Сидор аҳли оиларо дар фурудгоҳ пешвоз гирифт ва пас аз пазироии гарму ҷӯшон аз дасти Бахтовари яксола гирифта, ба мошин нишастанд ва мизбон як ҳафта меҳмононро дар шаҳр чарх занонда, ҷойҳои таърихиву қасрҳои бошукӯҳи фарҳангӣ, майдонҳои фарроху зебо ва гулгашту фаввораҳои дилошӯби шаҳрро тамошо дод.

Файзуллою Мафтуна надонистанд, ки ҳафт соли ҳаёти хушбахтона чӣ тавр бо шодиву нишот пушти сар шуд. Бахтовар аллакай ба синфи дуюм мерафт.

Занги телефон баланд садо дод. Файзулло овози таҳлукаомези ҳамсарашро шунида, пурсид:

- Ҷонакам, тинҷист?

- Соат аз ҳафт гузаштаасту то ҳол аз Бахтовар дараке нест.

- Ба директори мактаб занг задӣ?

- Занг задам,- Файзулло овози баланди гиряи занашро шунид.

- Чӣ гуфт?,- Файзулло магар фоҷиаеро ҳис кард, ки аз ҷойи нишаст қомат боло кард.

- Гуфт, ки писаратонро бо мӯйсафеди қоматбаланд дида буд, ки хушҳолона суҳбаткунон ба мошин нишаста рафтанд.

- Юлдош!?,- Файзулло бо ҷаҳл гӯширо ба ҷояш тараққосзанон гузошта, ба сӯйи дафтари кории Сидор давид…

Бахтовар аз дарвозаи ҳавлии мактаб бо як гурӯҳ ҳамсинфон ба кӯча баромад. Онҳоро мӯйсафеди қоматбаланди гандумгин пешвоз гирифт. Дасти мактаббачаро дошта, бо табассум пурсид:

- Ба фикрам номат Бахтовар аст?

- Бале, бобо,- бо чеҳраи шод ҷавоб гардонд мактаббача.- Номам Бахтовар аст.

- Номи падарат Файзуллову номи модарат Мафтуна ҳа?,- ва пирамард аз кисаи ҷелакаш як шоколади сникерсро бароварда, ба ҳамсуҳбаташ дароз кард.

- Дуруст,- тасдиқ кард Бахтовар.- Шумо номҳои моро аз куҷо медонед?,- ва хурсандона илова кард,- барои туҳфа як ҷаҳон ташакур.

- Охир, ман бобоят мешавам,- ба тарафи мошини сиёҳи тамғаи хориҷӣ баробар қадам зада, ба саволи бача ҷавоб гардонд пирамард.

- Падару модарам боре ҳам дар бораи бобо доштанам чизе нагуфтаанд,- бо ҳайрат савол партофт Бахтовар.

- Зарурат пайдо нашудааст,- ноҳинҷории худро бобо моҳирона пинҳон кард.- Ман имрӯз аз Тоҷикистон ба ҳавопаймо нишаста, ба дидорбинии шумо омадам. Ба мошин шинем ва ба хонаатон ҳамроҳ равем…

Сидор қиссаи бо ҳаяҷон нақл кардаи дӯсташро оромона гӯш карда, хулосаашро баён кард.

- Пас, мӯйсафед писаратро ба гарав гирифтааст. Мақсадаш чист?

- Ҳамсари ман аз қавми ҷӯгиҳост,- Файзулло ба шарҳи саволи ҳамкурсаш гузашт.- Тибқи талаботи урфу одат ҷӯгиҳо духтаронашонро ба ҷавонони миллати дигар ба шавҳар намедиҳанд. Ману Мафтуна ҳамдигарро дӯст дошта, ин қоидаи асрҳои аср мавҷудбударо шикастем. Юлдош сардори қавми деҳааш мебошад ва дар назди аҳли ҷамоаташ қасам хӯрдааст, ки бо ҳар роҳу восита Мафтунаро аз дасти ман раҳо карда гирад.

- Акнун сарфаҳм рафтам,- Сидор тамокуро аз як кунҷи лабаш ба кунҷи дигараш гузаронд.- Воқеан, чанд сол пеш як гурӯҳ занҳои ҷӯгиро, ки ба талбандагӣ машғул буда, худро тоҷик муаррифӣ карда, қадру қимати ин миллати кӯҳанбунёдро паст мезаданд, аз шаҳр броварда, ба ҳавопаймо шинонда, ба Тоҷикистон гусел кардам. Ман ба онҳо гуфтам, ки дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо ба воя расида, дар мактабу донишгоҳ таҳсил кардам ва ҳеҷ гоҳ тоҷикеро бо дасти пеши талбандагӣ надидаам.

Дӯстам! Оромона худатро ба даст бигир. Тамоми усулу воситаро ба кор мебарам, то ки писаратро аз асорат озод намоям. Ҳоло интизор шуданамон даркор. Канӣ, бинем, ки сардори қавм, он қаллоби моҳир чӣ талаб пешниҳод мекунад.

(Давом дорад)

Зариф ҒУЛОМ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД