Formula novemver 2024
Афғонистон: Модарон аз гуруснагӣ кӯдаконашонро мефурӯшанд
2130

 

Фарзанд барои инсон, хоса барои зан-модар аз ҷони ширинаш ҳам азизтар аст, зеро кӯдакони мо порае аз ҷисму хуну ҷони мо буда, риштаи ҷонамон бо риштаи ҷони ҷигарбандонамон пайванд аст, аммо гоҳо зиндагӣ касро маҷбур месозад, ки пораи дилашро аз сина канда ба дигаре диҳад ва бо ихтиёри худ аз фарзанди дилбандаш даст кашад. Тақдири ин падару модарони бадбахт, ки аз ночорӣ имрӯз фарзандони худро мефурӯшанд, далели равшани ин гуфтаҳост...

Дар Афғонистон кӯдакфурӯшӣ рӯз то рӯз авҷ гирифта истодааст. Қадами номубораки “Толибон” мардуми сарзамини азияткашидаи Афғонистонро чунон ба гирдоби фақру балову гуруснагӣ афкандааст, ки волидон ба хотири аз марг наҷот додани фарзандонашон кӯдакони навзод ва хурдсоли худро мефурӯшанд.

Тавре ки "TOLONews" иттилоъ додааст, мардум роҳи дигари таъмин кардани оилаи худро наёфта, аз ночорӣ бачаҳояшонро мефурӯшанд. Тақрибан як моҳ пеш як кӯдакро ба қимати 300 доллар мефурӯхтанд, аммо ҳоло нархи кӯдакон боло рафта, акнун атфолро бо қимати каме баландтар 550-600 доллар фурӯхта истодаанд.

Кӯдакфурӯшӣ дар Бодғис бештар авҷ гирифта, аксаран одамоне, ки бар асари даргириҳои охир дар кишвар бе хонаву бехонумон гаштаанд фарзандони худро фурӯхта истодаанд.

Мардум дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд ва ҳатто нони хушк намеёбанд, ки ба бачаҳояшон диҳанд. Волидон ба хотири аз гуруснагӣ намурдани фарзандонашон бо дили хунчакон кӯдакони хурдсоли худро фурӯхта истодаанд.

Зани тирабахт ва ҷигархуне зимни сӯҳбат бо "TOLONews" бо дард қисса мекунад, ки шавҳараш як моҳ пеш аз олам гузаштааст ва духтари 13-солаи маризаш ниёз ба муолиҷа дорад. Ба хотири табобати духтари бемораш ин зан тифлаки якуниммоҳаашро фурӯхтанист.

Ба ҳамин монанд садҳо занони дигари афғон имрӯзҳо аз ночорӣ кӯдаконашонро фурӯхта истодаанд, то худ ва ҷигарбандонашонро аз хатари аз гуруснагӣ мурдан наҷот диҳанд, зеро бо фаро расидани тирамоҳ ва сард шудани ҳаво вазъият дар Афғонистон боз ҳам шадидтар гашта, хавфи аз хунукию гуруснагӣ мурдан ба одамони бехонаву бехонумон таҳдид мекунад.

Айни замон ҳудуди се миллион кӯдакон дар Афғонистон аз гуруснагӣ азият кашида истодаанд ва агар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сӯйи мардуми азияткашидаи ин кишвари ҷангзада дасти мадад дароз накунанд, марги ногузир ин бачаҳоро интизор аст.

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД