Sebiston new 2024 october
“Қафас барои палангон”
969

 Баъди ба қудрат расидани Си Ҷинпин (соли 2012) дар Чин марҳилаи нави мубориза бо коррупсия оғоз шуд.

Нафароне, ки ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд, ҷазоҳои сангин мегиранд. Аз он вақт инҷониб дар ин кишвар беш аз як миллион корманди давлатӣ барои фасод муҷозот гардид.

Мансабдорони баландпояро дар зиндони Синчэн нигоҳ медоранд, ки ин маҳбасро “қафас барои палангон” ном мебаранд. Маҳбусон бо тартиби махсус адои ҷазо менамоянд. “Қафас барои палангон” соли 1958 бо кумаки Иттиҳоди Шуравӣ сохта шуда, макони боздошти ҷинояткорони сиёсӣ маҳсуб меёфт.

Ҳоло дар Синчэн собиқ мансабдорони бонуфуз, аз ҷумла вазири пешини бехатарии ҷамъиятӣ Чжоу Юнкан ва собиқ сардори мегаполиси Чин Чунсин Бо Силай “ҳузур” доранд. Онҳо барои гирифтани пора ба ҳабси абад маҳкум шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД