Холида аз суханҳои гуфтааш пушаймон гашта, лаҳзае хомӯш монд. Ашки чашмон ду бари рӯяшро мегӯӣ мешуста бошад.
-Холаҷон, ғамгин нашавед, бародаратон хеле асабӣ аст. Баъди каме аз гуфта пушаймон гашта, боз узр мепурсад,-гуфта ҷавонмард холаро таскин дод.
Овози хуроккашии мӯйсафед шунида шуд.
-Бечора акаам аз зиндагии пурташвиш монда шудааст. Ҳозир асабӣ буд, дар як дам хобаш бурд. Илоҳо барака ёбӣ, писарам. Хока гирӣ, зар гардад. Акаам гуфтанд, ки аз ҳолаш доимо бохабарӣ. Қисмати талхи бародарамро бин, ки аз ду зану ҳафт писару ду духтар яке дар назди бемор нест. Як марди чорпаҳлӯи девора занад, чаппа мешуд, харобу хазону асабӣ шудааст. Ба ҳамааш ҳамин занҳо гунаҳгор. Ҳар кадом бо навбат назди фолбину ҷодугару мулло рафта, худро дилгарму дигариро дилсард мекарданд. Бечора бародарамро ҷоду карда, ба ин аҳвол оварданд.
- Холаҷон, ба ин гапҳо бовар накунед. Марде, ки соҳиби ақлу маълумоти олӣ дорад, магар ба чанги ҷодугару фолбин меафтад,-гуфт Рашид.
-Писарам, ман ҳам аввал боварӣ надоштам, аммо баъди ба чунин ҳол афтидани акаам бовар кардам,-ашки чашмонашро бо нӯги рӯймоли сафедаш тоза карда, гуфт хола.
Холида бо ҷавонмард хайрухуш карду:
-Писарам, бегоҳ шуда истодааст, автобус намеёбам, акаам бедор шуд, аз номи ман узр пурс, бо суханҳои подарҳаво хафааш кардам. Хайр бачам,-гуфта Холида маъюсу ғамгин аз утоқи бародар баромад.
Саломатии мӯйсафед соат ба соат бад мешуд. Ӯ дигар чашмонашро намекушод. Фишораш ҳамеша баланд буд. Ҷавонмард дар ташвиш шуд. Ҳамшира-Меҳрӣ тез-тез ба утоқи онҳо даромада:
-Бародар, агар фарзандонаш меомаданд, мумкин аҳволи мӯйсафед хуб мешуд. Ман онҳоро ҷустуҷӯ кардам, аммо афсӯс ягонтаи онҳо дар ноҳияамон зиндагонӣ намекардаанд. Ҳама берун аз ҷумҳурӣ дар мардикорӣ будаанд. Духтарон низ шавҳар карда, аз ноҳия баромада рафта будаанд. Ин ҷо фақат зани калону хурд, ки ягонтааш мӯйсафедро чашми дидан надоранд,-гуфт.
Рӯзи дигар Рашидро аз беморхона ҷавоб доданд. Ӯ бо мӯйсафед хайру хуш карда «Пагоҳ албатта шуморо хабаргирӣ меоям» гуфт.
Шаб аҳволи мӯйсафед бад шуд. То субҳ духтурон бо марг дастбагиребон шуданд, аммо бенатиҷа. Соати 7-и саҳар бобои Аҳтам ин олами фониро падруд гуфт.
Духтурон ҳуҷҷатҳои маитро дуруст карда, ба мошини ёрии таъҷилӣ бораш карданд. Меҳрӣ оби дида кард. Мошини ёрии таъҷилӣ ба хонаи зани калон омада, аз марги шавҳараш хабар доданд.
- Маит дар ин ҷо дер боз зиндагонӣ намекард. Ба хонаи зани ҷавонаш баред,-гуфта, зан дарашро ба рӯи духтури роҳбалад пӯшид.
Мошини ёрии таъҷилӣ назди хонаи зани ҷавон бозистод.
-Ман кайҳо ӯро аз ҳаётам берун кардаам. Ба худаш гуфта будам, ки «ба ман шавҳари пири касалманд лозим нест. Мурдааш он тараф истад» гуфта, зани ҷавон ҳам аз ҷисми беҷони Аҳтам рӯ гардонд.
Духтури навбатдор аз рафтори занҳои мӯйсафед ҳайрон, ба беморхона хабар дод, ки бо маит чӣ кор кунад?
Супориш шуд, ки маитро ба беморхона баргардонда, то пайдо шудани соҳибе дар мурдахона (МОРГ) монанд.
Овозаи ин ҳодиса дар тамоми беморхона паҳн шуд.
Рашид, ки ваъда карда буд, фардо ба хабаргирӣ меоям, бехабар аз марги мӯйсафед нону хӯрок гирифта, ба хабаргирӣ омада, дар роҳрави беморхона Меҳриро гирён дарёфт.
- Акаҷон, кори ношуданӣ шуд. То имрӯз мошини ёрии таъҷилӣ ягон маитро ба беморхона пас нагардонда буд. Бечора бобои Аҳтам гуфта, Меҳрӣ бо овози баланд гиря кард.
Рашид баъди каме андеша:
-Хоҳарҷон, ман худам ӯро ба хонаам бурда, мувофиқи расму оин ба хок месупорамаш- гуфта, барои иҷозат назди сардухтур рафт.
Зани калони мӯйсафед баъди қабул накардани маит дар ҳавлӣ ба ин тарафу он тараф рафта «хонамой, хонамой, оҳ мардаки бе аҳду вафо, оҳ мардаки бесоҳиб» гуфта, бо овози баланд нола кард.
Овозаи маити бесоҳиб, ки ҳарду зан қабулаш накарданд, дар ноҳия паҳн шуд. Ҳамсояҳои зани калон барои ҳамдардӣ даромада ,ҳодисаро нақл карданд.
Кампири Зулхумор ин ҳодисаро шунида ба сари кӯча давид. Мошинеро дошта гирён хоҳиш кард, ӯро ба беморхона барад. Гирёну нолон дари утоқи кории сардухтурро кушода:
-Шавҳарамро диҳед, зиндааш ба ман вафоӣ накарда бошад ҳам, мурдаашро худам гӯру чуб мекунам,- гуфта беҳол назди сардухтур афтид.
Духтурон ёрии аввалинро ба кампир расонида, бо маит ба мошини ёрии таъҷилӣ савораш карданд. Рашид чун фарзанд дар бор кардани маит дар назди муйсафед буд. Сардухтур Меҳриро вобаста кард, ки ба хонаи маит рафта, аз ҳоли кампир бохабар бошад.
Мегӯянд рафтори бад тез овозаву дарвоза шуда, паҳн мешавад. Овозаи маитро қабул накардани ду зан дар ноҳия паҳн шуд. Яке аз рӯи ҳавову ҳавас, дигаре ҳамчун тамошобин, сеюмӣ барои дар ҷаноза ширкат кардан назди хонаи кампир ҷамъ омаданд. Ду-ду, се-се шуда, байни худ дар бораи маит сухан мекарданд. Аз мурдахона ягон овоз намебаромад. Касе нола намекард. Мурдаи бесоҳибро мемонд.
Мошине назди мурдахона истод. Аз даруни он рӯйканону мӯйканон хоҳари маит Холида баромада:
- Оҳ, акаи ормониам ака, оҳ акаи роҳгумзадаам ака, оҳ акаи бачадори бебачаам ака, оҳ акам, ҷон акам, вой ака…
Кампири Зулхумор нолаҳои Холидаро шунида, ба худ омад. Миёнашро маҳкам баста, болои сари шавҳар омад. Докаи болои рӯяшро кушода, нолаи талху ҷонсӯз карда, ҳар як одами омадаро «хуш омадед, ба ҷанозаи бахти аввалу охирам, ҷанозаи марди бевафоям, ҷанозаи падари фарзандони мусофири аз рӯи падар сернашудаам, ҷанозаи шавҳари сарсону саргардонам, ҷанозаи марди дузана» гуфта, ашкҳои шашқатор рехт.
Ҳамсояҳо сарҷамъ шуда, бо расму оин маитро то пеши қабр бурданд. Вазифаи охирин маитро дохили қабр шахси наздик бояд мемонд. Рашид ин масъулиятро бар дӯши худ гирифт. Ӯ маитро ба қабр монда, оҳиста «падарҷон, илоҳо охиратат чун зиндагиат сарсону саргардон набошад» гуфт…