Formula novemver 2024
Қадимтарин дарахт дар ҷаҳон
392

Қадимтарин дарахти ҷаҳон бо номи "Старый Тикко" (Old Tjikko) дар дар кӯҳҳои Фулуфҷеллени Шветсия ҷойгир аст. Ин дарахт тақрибан 9500 сол умр доштааст.

Олимон бар он назаранд, ки ин дарахт ҳанӯз дар даврони яхбандии бузург рӯидааст. Дарахти қадимтарини ҷаҳон ба навъи Спрюзи Норвегия(Picea abies) мансуб мебошад. Сирри умри дарози ин дарахт дар системаи решаи клоналии он аст. Вақте қисми болоии дарахт аз сабаби сармо ё беморӣ мемирад, решаҳои қадимӣ навдаҳои навро ба вуҷуд меоранд.

Дарахти кӯҳнабуни Шветсия (Старый Тикко) соли 2004 аз ҷониби профессор Лейф Куллман кашф шудааст . Ҳангоми омӯзиши экосистема ва таърихи иқлим дар кӯҳҳои Фулуфҷеллен дар Шветсия ин олими машҳур тавассути усули радиокарбон сину соли дарахтро муайян намудааст. Таҳқиқотҳо ва нашри оммавии маълумот дар бораи ин дарахт баътар дар соли 2008 , ба таври васеъ паҳн шуда, шӯҳрат пайдо карданд.

Синну соли ин дарахт хеле зиёд бошад ҳам , он як буттаи хурд аст ва ба дарахтони бузурги дигар монанд нест. Тағироти иқлим метавонад ба умри ин дарахт таҳдид кунад.

Судоба АКОБИРЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД