arzon replenishment
Қадами Қурбон: Вақте занамро сел бурд ...
553

Қадами Қурбон. Ин ном чанд сол қабл вирди забони хурду калон буд. Аввалин шуда, сарояндаи маҳбуби кишвар Ҷонибек Муродов аз зиндагиву фаъолияти Қадами Қурбон барномае омода намуд.

Сарояндаи шӯхтабъ бо услуби хеле аҷиб ва таронаҳои халқиаш дар як муддати кӯтоҳ машҳур гашта, рӯзе набуд, ки дар борааш дар ин ё он расона ё сомона хабаре нашр нашавад. Ҳанӯз ҳам андешаҳо атрофи ному сурудҳои Қадами Қурбон зиёданд, аммо як чиз мусаллам аст, ки ӯ дар байни халқ шинохта шудаасту маъруфият дорад.

Донистан мехоҳед, ки вақте сароянда хабари сел бурдани занашро фаҳмид, барои наҷоташ чӣ корро анҷом дод? Чаро дигар Қадамро блогерон намепурсанд? Рост аст, ки Қадами Қурбон 47 забонро медонад? Ба ин ва дигар саволҳо оиди зиндагии шахсияш Қадами Қурбон дар барномаи “Ногуфтаҳо” посух дод, ки фишурдаи онро пешниҳоди шумо мегардонем.

-Дар ин фасло гармо зери офтоби сӯзон дар деҳа ба чӣ корҳо машғул мешавед?

-Деҳқонӣ мекунам, гандум медаравам, нахӯду наск ҷамъоварӣ мекунам, бехи дарахтони хонаамро нарм карда, об медиҳам.

-Фарзандҳо кӯмак мекунанд?

-Бале мекунанд, вале одами калон то табъи дили худаш корро анҷом надиҳад, дилаш ором намегирад. Агар аз болои кӯдакон назорат набаред, ҳама гову мол гурусна мемонад.

-Чанд фарзанд доред?

-6 нафаранд, 4 писару ду духтар. Духтарчаам хонадор, соҳиби ду набера ҳастам, писарам хизмати ҳарбиро адо кард.

-Аз пайвандони шумо касе ба санъат рағбат дошт?

-Як акаам сурудхонӣ мекард, ҳоло дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун роҳсоз кор мекунад. Ман дар оила фарзанди 8-ум ҳастам, дар маҷмуъ 10 нафарем, волидонам дар қайди ҳаёт нестанд. Ман дар оила бисёр фарзанди шӯх будам. Бо бачаҳои деҳаамон ба баландии куҳ мебаромадему маро дар даруни балон ҷой карда, аз баландӣ сар медоданд. Ба ёдам ҳаст, ки як маротиба бо ҳамон балон шиғи (дар куҳистон гирди ҳавлии истиқоматиро бо шохаҳои дарахт маҳкам мекарданд ва онро шиғ мегуфтанд) ҳавлии муалимаамонро шикаста, дар пеши пояш афтида будам.

-Сири номатон дар чист?

-Модарам мегуфт, ки бо по таваллуд шудаам ва ба ҳамин хотир, маро Қадам ном гузоштанд.

-Падаратон чӣ кора буданд?

-Омӯзгори фанни химия-биология буданд. Шогирдҳои зиёд доштанд. Барвақт аз олам гузаштанд, ман он вақт талаба будаму зиндагиро пеш мебурдам, агар таҳсил мекардам, фарзандони падарам гурусна мемонданд. Як ҳодиса ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад, ки дар деҳа маъракаи бузкашӣ шуд, ба падарам гуфтам, ки “намеравем дукаса тамошо кунем”, гуфт “не, ман шавқ надорам”. Хулоса, вақте ба маърака рафтам, ҳамон лаҳза тӯдаи бузкашҳо ҷониби ман омаданд, ман давида болои камаз баромадам. Аз дурӣ дидам, ки ҳамон тӯдаи бузкашҳо ҷониби дигар рафтанду як мӯйсафедро заданд. Инро аз дурӣ дида, гуфтам, ки касе буд, мурд. Вақте маърака тамом шуд, ба хона баргашта, дидам, ки падарам хоб аст. Баъдан фаҳмидам, ки ҳамон мӯйсафед падари ман будааст.

-Оиладоршавии шумо баъд аз хизмат буд?

-Вақте дар ноҳияи Ваҳдат хизмат мекардам, як рӯз аз назди замине, ки духтарон бо сару рӯи маҳкам кор мекарданд, гузаштам. Гуфтам, ки ман хизматро тамом мекунам, кадоматон маро мегиред? Духтарон чандтоаш овоз бароварданд, аммо занам хомӯш буд. Гуфтам, ки ҳамин духтарро мегирам. Вақте ба назди хушдоманам хостгорӣ рафтам, гуфт, ки духтарамро ба шавҳар намедиҳам. Дидам, ки ӯро ба ман намедиҳанд, дуздидамаш.

-Чаро дуздидед, модари духтар розӣ набуд?

-Баъди ба хостгорӣ рафтанам, духтарро пайвандонаш мезананд. Духтар ба наздам омада, гиря кард, ки худамро мекушам, худама ба об мепартоям. Гуфтам, ки аз моҳиҳо хӯрдана, худам туро хӯрам, беҳтар аст (механдад). Пешниҳод кардам, ки агар хоҳӣ, туро ба хонаамон мебарам, як падар дорам, ӯро нигоҳубин кун, тамом. Раҳматии падарамро 14 сол нигоҳубин кард. Падарам аз занам розӣ гузашт.

-Чӣ гуна дили духтарро ба даст овардед?

 

-Чунон дурӯғе гуфтам, ки ба тамоми ҳастӣ бовар карда, розӣ шуд. Ба ӯ гуфтам, ки маҳсулоти хӯрокаро ба хонаи мо бо мошинҳои калон меоранд, хоҳӣ мехӯрӣ, нахоҳӣ мепартоӣ... дар ҳоле, ки дар деҳаи мо ҳатто об набуд. Ончунон бовар кард, ки аз баҳри падару модараш гузашт. (механдад) Аз командир хоҳиш кардам, ки маро якрӯза ҷавоб диҳад. Хулоса, 22-июли соли 1994 шабона духтар ба назди қисми ҳарбии мо омаду ӯро ба хонаамон овардам. Он солҳо мошин камчин буд, мо аз Кӯлоб то Чагам 19 киллометр роҳро пиёда омадем. Никоҳ кардаму ба қисми ҳарбӣ баргаштам.

-Модари духтар чӣ гуна фаҳмид, ки ӯро дуздед?

-Ӯ нафаҳмид, ки ман дуздидам. Баъд аз як ҳафта маро даъват карданд, ки як зан шуморо мепурсад. Дарҳол дарк намудам, ки модари занам аст. Наздаш рафтам, хеле ғамгин буд. Ман ҳам сир бой надода гуфтам, ки “акнун розӣ шудед, ки духтаратонро гирам?” Хулоса, дилам ба гиряҳои зиёдаш сӯхт ва қоил шудам, ки духтараш соқу саломат дар хонаи мо аст. Ба он хотир ин корро кардам, ки ӯ ба худкушӣ даст заданӣ буд. Хушдоманам рӯ ба сӯи қибла оварда, “Духтари ман аз шири модарат ҳалол, сағераи кӯлобӣ, ош шавад”. Ҳамин тавр, бо дуои хушдоман зиндагиро оғоз кардем, шукр мекунам, ки хизматашонро кардам ва дуояшонро гирифтам.

-Дар интернет навори сел бурдани ҳамсаратон паҳн шуда буд, ҳодиса чӣ гуна рух дод?

-Санаи 12-уми май, ҳама аз паси тайёрии иди Рамазон буданд. Шабона ман ифтор додаму рӯзи дигар занам ба бозор рафтанӣ шуд. Гуфтам, ки ҳама чиз дорем, беҳуда наравад, вале рафт. Хулоса, баъди рафтанаш борони сел борид. Занг задам, ки занак дар куҷоӣ, гуфт дар даруни таксӣ, ба хона омада истодаам. Аз он ки деҳи мо (пул) кӯпрук надорад, мошинҳо ба даруни сангов ҳаракат мекунанд. Аз байн 10-15 дақиқа нагузашта буд, ки дигар ба зангҳоям ҷавоб надод. Вақте мошини онҳоро сел мебарад, мардум ҷамъ шуда, аз боло банд мепартоянд. Зани ман бандро қапида, ба дари мошин мебандад. Хулоса, дар ин фоҷиа 4 нафар ба ҳалокат мерасанд, завҷаи ман 3 соат дар даруни сел мемонад, вақте ӯро ёфтем, аллакай ҷисмаш карахт шуда буд. Шукри Худо, ки зинда монд.

-Соли гузашта ҳамсаратон аз зиндагии сахт шикоят карда, гуфт, ки қандро намедонад сиёҳ аст ё сафед?

-Бале, зиндагиамон хеле сахт буд. Вақте гуфтанд, занатро сел бурд, ваҳ гуфтаму сахт тарсидам. Аз ҳамон рӯз бемор шудам, дард азоб медоду хун мепартофтам. Ба тамоми муллоҳову табибон муроҷиат кардам, аммо натиҷа надод.

-Хонадоршавии духтаратон мисли издивоҷи шумо буд ё бо розигии тарафайн?

-Ман гуфтам, ки ҷавонон якдигарро бинанд, агар маъқул кунанд, зид нестам. Вақте онҳо вохӯрданд, ман як дуо додам.

-Туҳфабиёрӣ нашуд?

-Не, барои ман хушбахтии онҳо бас аст. Бисёр ҳодисаҳоеро мебинам, ки навхонадорон ҷиҳози зиёд мехаранд, аммо баъди як моҳ ҷудо мешаванд. Чӣ лозим ҳамин корҳо?

-Вақтҳои охир шуморо дар Ютуб кам мебинем. Чанд сол қабл блогерон ҳамеша аз паси шумо мегаштанд...

-Ман он қадар интернету техникаро хуб намефаҳмам, шояд Ютуб пул намедиҳад, барои ҳамин суроғам намекунанд. Пеш аз ин то тори “чердак” суроғ мекарданд. Дӯст ҳамонест, ки ҳангоми сахтӣ дар бари шумо бошад. Чанд бор занг задам, ба ҳамон нафароне, ки клип кардем, ҳамкорӣ доштем, дигар гӯширо набардоштанд, рақамҳояшонро пок кардам.

-Сафарҳои хизматӣ зиёд доштед?
-Бале, ба чанд вилояти Русия сафар кардаам. Аз он ки 47 забонро медонам, яктои дигарашро омӯхта истодаам... (Шӯхӣ мекунад)

-Вақте ба Узбекистон меравед, забонро намедонед, ба кадом забон суҳбат мекунед?

-Ҳангоми ба ҷое рафтан “Бр албом келинг” мегӯям. Вақте бароям коғазу қалам оварданд, агар нон хоҳам, дар он сурати нонро мекашам, хӯрок хоҳам, ҳамчунин...

-Рафту шир хостед, чӣ хел расми онро мекашед?
-Варақи холиро медиҳам, он мисли ранги шир сафед аст (механдад). Дар Ӯзбекистон вақте фаҳмиданд, ки ман меҳмонӣ рафтам, бачаҳои тоҷики муқимии Узбекистон маро ба хонаҳояшон мебурданд.

-Дандонҳоро кай тилло кардед?

-Дар вақти хизмат кардам. Дандонҳоям сап-сафед буд, ҳамон вақт дандони тилло мӯд буд, ман ҳам аз паси мӯд рафтам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД