Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз оғози қабули довталабон барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии кишвари Чин хабар додааст.
Барномаи мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар чанд муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯйи ихтисосҳои технологияҳои мехатроника, технологияҳои татбиқи компютер, ҳамширагӣ, технологияи тасвирбардории тиббӣ, терапияи барқарорсозӣ, дорусозӣ, тиҷорати электронӣ ва ғайра таҳсил намоянд.
Довталабон пас аз гузаштан аз мусоҳиба (Interview) ба донишгоҳҳои Чин қабул карда мешавнад. Дар соли аввали таҳсил донишҷӯёни тоҷик бо омӯзиши забони чинӣ машғул мешаванд ва аз соли дуюм таҳсил аз рӯи ихтисоси интихобшуда идома меёбад.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то 30-юми апрели соли 2026 пешбинӣ шудааст.
Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба шартҳои қабул, рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тартиби пешниҳоди онҳо ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 ё телефони 223-23-59 муроҷиат намоянд.