Commerc banl
Ҳабси Бежан барои “салют” задан дар зодрӯзи модараш
25.02.2026
Оила
303

Ҳабси Бежан барои “салют”

задан дар зодрӯзи модараш

Як ҷавонро барои “салют” задан дар зодрӯзи модараш ҳабс карданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Бежан Ҷабборов шаби 23-юми феврал дар манзили истиқоматиашон ба муносибати 70-солагии зодрӯзи модараш “салют” паррондааст.

Амали мазкур ва садои баланди маводи тарканда боиси тарсу изтироб ва безобита гардидани атрофиён гашта, алайҳи Ҷабборов бо гумони дағалона “вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани оромии шаҳрвандон” парвандаи маъмурӣ боз шудааст ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ нисбаташ 8 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД