Formula novemver 2024
Ҷабраил ва Микоилро хоб дидан чӣ таъбир дорад?
1539

 

Салом! Чанд шаб пеш манфариштаи марг-Ҳазрати Ҷабраил ва Микоилро хоб дидам. Ростӣ саломатиам хуб аст ва ягон мушкилӣ надорам, аммо баъди дидани ин хоб орому қарорамро аз даст додаам.

Ҳамеша фикр мекунам, ки шояд маргам наздик аст ва барои ҳамин чунин хоб дидам. Тарс дар дилам лона гузоштааст, ки шояд зери чархи мошин мемонам ё ба сарам ягон фалокати дигар омада мемирам. Илтимос, бигӯед, ки Ҳазрати Ҷабраилро хоб дидан чӣ таъбир дорад?

Посух

Хоб дидани фариштаҳои Худованд аслан далели хайр аст. Ҳазрати Микоилро хоб дидани одами худотарс далели хайр аст ва бар он ишорат мекунад, ки шахси хобдида ба муроди дилаш мерасад. Одами бе эътиқод Микоилро хоб бубинад, бояд эҳтиёт шавад, то балои азиме бар сараш наояд. Хоб бубинед, ки ҳазрати Микоил дар ҷойи бароятон шиносе нишастааст, бидонед, ки дар он мавзеъ борони раҳмат меборад ва соли фаровонию арзонӣ мешавад. Касе дар хобаш бо Микоил суҳбат намояд, хушбахт ва ба давлат мешавад.

Ҳазрати Ҷабраилро хоб дидан аз поён ёфтани сафари инсон шаҳодат медиҳад. Касе хоб бинад, ки Ҷабраил ба вай таъом дода истодааст, дар биҳишти ҷовидон маъво мегирад. Чеҳраи Ҷабраил дар хобатон ғамолуд бошад, шуморо беморӣ ё мушкилоти ҷиддие интизор аст ва ё бояд аз имтиҳони навбатии Худованд бигзаред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД