Sebiston new 2024 october
Қабр дар хоб
3562


Шаби гузашта хоб дидам, ки аз олам гузаштаам ва маро гӯр кардаанд. Маъмулан қабрро баробари қади маит мекананд, вале қабри ман ба як меҳмонхонаи зебои калону барҳаво шабоҳат дошт, ки дар он одамони зиёде меғунҷанд.

Ягона камбудиаш дар он буд, ки дари баромад надошт. Ростӣ сахт тарсидам, аз дирӯз боз фикрҳои мағшуш ба сарам омада истодаанд. Мехоҳам донам, ки таъбири хобам чист.
Мавзуна, ш. Душанбе

Посух
Ба андешаи бархе аз уламо, қабри васеъ дар хоб фоли нек буда, аз зиндагии орому осудаи шахси хобдида дар олами дигар гувоҳӣ медиҳад. Қабри тангу торик бошад, нишонаи гуноҳи азим мебошад.

Шахс хоб бинад, ки ӯро маҷбуран дар гӯри тираву торе ҷой карда истодаанд, бояд хеле эҳтиёткор бошад, зеро чунин хоб аз кашмакаши судӣ ё сар задани баҳсу мунозираи калоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рабт дорад, дарак медиҳад.

Аммо хоб бинед, ки рӯйи қабрро пӯшонида истодаанд ё онро бо хок пур мекунанд, мавзӯи пурмоҷарое, ки чанд вақт боз шуморо азият медод, баста шуда, аз як балои азим раҳоӣ меёбад ё масъала ба фоидаи шумо ҳал шуда, ғолиб мебароед.

Кофтани қабр дар хоб нишонаи сар задани ҷанҷоли сахти оилавӣ ё расидани хабари марги ягон шахси барои одами хобдида азиз аст. Одами зиндаро дар хоб гӯр кардан аз хатари сахте дарак медиҳад, ки шахси хобдида бояд барои пешгирӣ карданаш чораҳо андешад. Хоб бинед, ки ягоншахси наздикатон худаш ба даруни қабр даромадааст, пас хатар маҳз ба ҳамон одам дахл дорад ва шумо бояд ӯро ҳушдор диҳед, ки эҳтиёткор бошад.

Қабри кушодаро хоб дидан аз марги дӯсти наздик ё ягон хешу табори шахси хобдида дарак медиҳад.
Дар хоб дар гӯристон дар байни қабрҳо гаштугузор намудан аз он гумоҳӣ медиҳад, ки шахси хобдида ба ягон бемории вазнин гирифтор шуда, хеле азоб мекашад, вале дар ниҳояти кор шифо ёфта, зиндаву саломат мемонад.

Қабри нав кандашударо хоб бинед, хеле эҳтиёткор бошед ва ба ҳар кас бовар накунед, зеро чунин хоб паёмест аз олами ғайб, ки маҳз аз хатои дигарон ба шумо ягон зарари ҷиддӣ мерасад.

Дидани қабри холӣ дар хоб ба барор нагирифтани корҳои шахси хобдида ишорат мекунад, ки боиси ноумедӣ ва афтидан ба кӯйи афсурдагӣ хоҳад гашт.
Дар хоб худро дар даруни гӯри торик дидан, яъне қабри худро хоб дидан фоли хуб нест. Маъмулан чунин хоб аз он ҳушдор медиҳад, ки душманонаш ба муқобили шахси хобдида ягон нақшаи бад кашида истодаанд ва мехоҳанд бо туҳмату бӯҳтон балоеро ба сараш оварда, ӯро шарманда кунанд ва руҳан несту нобуд созанд.
Мурдаро ба қабр гузоштан нишонаи аз даст додани сарвату боигарӣ мебошад. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, хатари ба яғмо рафтани молу мулки бо хуни ҷигар ба даст овардааш ӯро думболагир хоҳад гашт. Шахси хобдидаро лозим аст, ки молу мулки худро аз чашми дуздону ғоратгарон дур нигоҳ дошта, барои муҳофизат аз амволи худ чораҳои зарурӣ андешад.
Дар хоб бо дасти худ қабр кандан нишонаи он аст, ки душманонатон дар сари роҳи шумо чоҳ кофта истодаанд.
Дар қабр дароз кашида хобидан низ чандон фоли хуб нест. Чунин хоб шахси хобдидаро ҳушдор медиҳад- аз ҷое ба сараш мушкилот хоҳад омад, ки ҳеҷ интизорашро надорад.
Дар хоб тасодуфан ба даруни гӯр афтидан нишонаи он аст, ки шахси хобдида ягон хатои бузург карда, пули моли зиёдеро аз даст медиҳад.
Хоб бинед, ки шуморо зинда ба зинда гӯр кардаанд, эҳтиёт бошед, зеро маъмулан қабр дар хоб нишонаи афтидан ба зиндон мебошад. Шахс хоб бинад, ки зӯр зада аз даруни қабр баромада истодааст, аз ҳамсараш ҷудо мешавад.
Хоб бинед, ки дар қабристон гашту гузор карда, навиштаҳои сангҳои рӯйи гӯрҳоро хонда истодаед, ягон хабари нохуш мешунавед.
Дар хоб дидани чанд мурда дар як қабр, яъне гӯри бародарона хуб нест. Чунин хоб аз он дарак медиҳад, ки дар атрофи номи шумо овозаҳои зиёде пайдо шуда, ба ғайбату бӯҳтон гирифтор мешавед. Қабрҳои зиёди бар ба барро хоб дидан аз сар задани як силсила мушкилиҳо дар ҳаёти шахси хобдида гувоҳӣ медиҳад.
Хоб бинед, ки теппаи гӯре ба саратон чаппа шудааст, ба ягон туҳмати сахт гирифтор мегардед ё гуноҳеро зӯран ба саратон бор карданӣ мешаванд.
Қабри кӯҳна дар хоб ҳушдор аст, ки ягон бемории кӯҳнашудаи шахси хобдида аз нав рӯ зада, ӯро азоб хоҳад дод.
Гиря кардан дар сари гӯри шахси дӯстдошта дар хоб ба ҷудоӣ ишорат мекунад. Эҳтимол шахси дигаре бахти шуморо мерабояд, хиёнати ёратон боиси аз ҳам ҷудо шудани шумо мегардад ё дӯстдоштаатон ба ягон фалокат гирифтор шуда, шуморо абадан тарк месозад.
Хоб дидани гӯри кӯҳнаи вайрону валангор ба он ишорат мекунад, ки шумо гузаштагони худро аз ёд бурдаед ва вақти он расидааст, ки бо хайру садақа кардан ва як каф дуо руҳи онҳоро шод гардонед.
Хоб бинед, ки шабро дар даруни гӯр саҳар кардаед, дили ҳамсаратон ё шахсе, ки дӯсташ медоред,аз шумо хунук шуда, байнатон сардӣ меафтад.
Шахс хоб бинад, ки барои худаш санги болои гӯр фармоиш дода истодааст, ин бисёр фоли хуб аст. Чунин хоб аз он дарак медиҳад, ки тақдир барои шумо ягон туҳфаи олиҷаноб тайёр карда истодааст. Аммо дар хоб санги сари гӯр шикаста хуб нест.
Хоб бинед, ки дар гӯристон қарор доред, вале руҳан хеле ором ҳастед, дӯсти содиқе пайдо мекунед, ки то дами марг шуморо дастгирӣ хоҳад кард.
Хоб бинед, ки ба сари гӯри ягон дӯсти наздикатон рафта истодаед, он шахс хонадор мешавад ва шумо дар тӯйи арӯсӣ ё домодиаш рақс мекунед.
Қабри васеъ ва зебо дар хоб разми ҳаёти осудаи шахси хобдида дар дунёи дигар ва соҳиби сарвату боигарӣ гаштанаш дар ҳамин дунё мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Номи ман Шариф 2023-09-24, 14:10
Хамин шаб хоб дидаам ки касе мемирад ва кабри онро ман меканам ва ин ки дар хавлии худамон ба фикрам кадом хешу табор аст ба ман харчи мегуянд ту худро азоб надех мон ягон кабрканро мегуем омада меканад ман бошад не гуфта ман худам меканам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Номи ман Шариф 2023-09-24, 14:10
Хамин шаб хоб дидаам ки касе мемирад ва кабри онро ман меканам ва ин ки дар хавлии худамон ба фикрам кадом хешу табор аст ба ман харчи мегуянд ту худро азоб надех мон ягон кабрканро мегуем омада меканад ман бошад не гуфта ман худам меканам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД