Дар ҷумҳурӣ зиёд намудани хатсайрҳои маҳаллӣ, аз ҷумла парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Ванҷ-Душанбе, Душанбе-Рашт-Душанбе, Душанбе-Лахш-Душанбе дар нақша аст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода хабар дод.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар соли 2025 ба роҳ мондани парвозҳо бо Ҷумҳуриҳои Кипр, Кореяи Ҷанубӣ, Маҷористон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар назар аст.