sebiston july new
ҲАБИБРО БА САҲНА БАРГАРДОНИДА МЕТАВОНАНД?
1567

Размоварон Майкл Чандлер ва Диллон Денис барои бо Ҳабиб дар UFC мубориза бурдан омодаанд, вале доғистонӣ танҳо ба шарти пардохти 100 млн ба майдон баромаданист.

Алӣ Абдул-Азиз, менеҷери қаҳрамони вазни сабуки UFC Ҳабиб Нурмагомедов дар бораи муборизаи эҳтимолии қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс Флойд Мейвезер ва Ҳабиб шарщ додаст.

"Барои мубориза бо Мейвезер ба мо 100 миллион доллар пешниҳод карданд то Ҳабиб бо ӯ дар риштаи бокс биҷангад. Дар гуфтушунид Дана Уайт ҳам буд. Аммо шумо медонед, ки Ҳабиб муборизи MMA аст. Агар Флойд хоҳиши ба ММА омаданро дошта бошад, бигзор Ҳабиб дасту остин барзанад, ҳеҷ мушкиле нест", - гуфтааст Абдулазиз.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз мағлуб кардани Ҷастин Гетҷии амрикоӣ дар мусобиқаи UFC-254 хотимаи корномаи варзишияшро эълон кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД