-Ҳабибабону ба меҳмонии «Оила» хуш омадед! Аввалан сабаби камнамо шуданатонро донистан мехоҳем.
-Духтарчаам хурдакак, ки буд, аз пайи парасториаш шуда, каме аз назарҳо дур мондам, вале ин маънои онро надорад, ки мухлисонамро тарк кардам, баръакс чанд суруди нав омода намудам. Боварӣ дорам, ки мухлисонам аз ин сюрпризи ман хурсанд мешаванд.
-Мухлисонатон моро ҷонбезор кардаанд, ки чаро дар банерҳои консертҳои муштарак расми Ҳабиба ҳасту худаш ба консерт намеояд…
-Бовар кунед, ин ҷо ман гунаҳгор нестам! Гунаҳгор ҳамонҳоеанд, ки аксҳои моро аз пеши худашон барои пул кор кардан дар банерҳо ҷой мекунанд. Ман дар хориҷи кишвар будам ва аслан аз консерт хабар надоштам, вале тӯҳматам кардаанд, ки назарам нагирифту наомадам.
-Дар кадом шаҳрҳо будеду чӣ таъомҳои лазиз хӯрдед?
-Дар шаҳрҳои Туркия ва Тошкенти Ӯзбекистон сурудҳои навамро наворбардорӣ намудам. Одам бояд кӯрнамак нашавад, ҳама таъомҳояшон бомазза буданд.
-Ҳабибахон, росташро гӯед, кадбонуи хонаед ё мисли сарватмандон канизак доред?
-Не, ман ин қадар худхоҳ нестам, ки канизак бигирам! Худам барои аҳли оилаам хӯрокҳои болаззат мепазам.
-Ба ҳамсаратон кадом Ҳабиба бештар писанд аст: Ҳабибаи сароянда ё Ҳабибаи кадбону?
-Ҳам ину ҳам он. Шавҳарам ба ҷуз хӯрокҳои мепухтаи ман, дигар таъоми касеро намехӯрад.
-Шунидем, ки духтаратону хоҳаратон Моҳирабону дар як рӯз тӯй кардаанд. Бароятон тӯйи кадомаш хурсандибахштар буд, бори аввал хушдоман шудан ё хоҳарро ба хонаи бахт гусел намудан?
-Манзуратон ҳамчун модар гусел намудани духтар бошад, ду карат ба муроди дил расидам. Бароям хурсандиовар буд, ки дар як рӯз ҳам қайсингилу ҳам хушдоман шудам.
-Мегӯянд, ки дар тӯй кулчақандҳо ва ҳатто торти пеши арӯсу домодро худатон пухтед, рост аст?
-Ғайр аз торт дигар тамоми қандинаву кулчақандҳоро худам пухтам.
-Акнун, ки хушдоман шудед, аз ҳангомаҳое, ки дар бораи хушдоманҳо паҳн мешаванд, наметарсед?
-Хушдоман будан бори гарон нест. Гумон намекунам, ки муносибати ман бо домодам бад шавад. Хушдоман ҳам модар аст ва ҳеҷ гоҳ бадбахтии фарзандонашро намехоҳад.
-Домодатон дар симои шумо киро мебинад: хушдоман ё сароянда?
-Домодамро мисли фарзандам дӯст медорам. Ӯ маро ҳамчун хола, ҳамчун сароянда ва ҳамчун модар эҳтиром мекунад.
-Ягон бор барои домодатон хӯрок пухтед? Медонед, ки шавҳари духтаратон чиро дӯст медорад?
- Хонаи духтарам наздик аст ва ҳар вақт ба дидорбиниям меоянду мераванд. Домодам тамоми хӯрокҳои наздаш гузоштаамро мехӯрад. Бачаи эркатулфор нест.
-Бемалол бошад, тарзи пухтани хӯрокеро, ки маҳз барои домодатон мепазед, мегуфтед?
-Мантуро дӯст медорад домодам. Ҳоло бо камоли майл тарзи тайёр карданашро мефаҳмонам.
Маҳсулот:
гӯшт
пиёз
зира
мурч
равғани гов
Тарзи таҳия:
Гӯштро қима карда бо пиёзи резашуда, намак, мурч ва зира якҷоя мекунем. Зуволаи пешакӣ гирифтаамонро тунук карда, чоркунҷа мебурем. Қимаро ба даруни ҳар зуволаи чоркунҷа гузошта, манту мепечонему ба мантуқазон чида, болои оташ мегузорем. Вақте ки манту дар буғи об пухт, ба болояш гармогарм равғани маска мемолем.
Мантуро бо чаккаи обкардашуда ва ё бо афшурдаи помидор низ хӯрдан мумкин аст.
Иштиҳои том!
Сӯҳбаторо Рустам