Абдурозиқ Эгамов, блогер ва овозхони маъруф, ки дар Дубаю Ҳиндустон зиндагӣ мекунад, дар бораи сафари худ ба хонаи Худо хабар дод.
Ин овозхони тоҷик дар Инстаграмаш гуфт, дар фурудгоҳи Ҷидда асту ба Ҳаҷҷи умра меравад.
Ёдовар мешавем, ки ин сарояндаи хурдҷусса ба Испания ва дигар кишварҳои Аврупо рафта, ба ситораи ҷаҳонӣ табдил ёфта, тарафдорони зиёде пайдо кардааст.
Ӯ имрӯз бо ситораҳои маъруфи Болливуд дар филму шоуҳо нақш меофарад.
Абдурозиқ зодаи шаҳри Панҷакент буда, 20 сол дорад.