formula55
Абдумудассир Аҳмадзода: Гулрафтор ҳанӯз бо Шайхи тиллоист!
882


“Арӯси шайхи тиллоӣ” яке аз пуровозатарин қиссаҳои ҳафтаномаи “Оила” аст, ки чанд сол қабл дар ҷомеаи Тоҷикистон шӯру валвала андохта буд. Рӯзгори талхи Гулрафтор – духтараки кӯҳистонӣ, ки ба доми фиреб меафтад ва дар яке аз кишварҳои арабӣ барои танфурӯшӣ бурда мешавад... ҳеҷ як тоҷикистониро бетараф гузошта наметавонист...

Қиссаи нав ба хонандагони “Оила”

Дар оғози соли равон муаллифи ин қиссаи марғубу пуршӯр, журналисти шинохтаи тоҷик, собиқ сармуҳаррири нашрияи “Оила” Абдумудассир Аҳмадзода 70-сола шуд. Мо аҳли эҷоди ҳафтанома ба аёдати эшон рафтем.

-Барои хонандагони “Оила” қиссаи нав менависам, ки хеле ҷолиб ва пурмоҷаро аст. Худо хоҳад, рӯзҳои наздик таълифи он ба охир мерасад, - бо хушхабар моро пешвоз гирифтанд, Ҳоҷӣ Абдумудассир Аҳмадзода.

Вале дар мавриди мавзуъ ва муҳтавои қисса ҳарчанд суол кардем, ҳарфе нагуфтанд. “Сюрприз аст, агар сирро кушоям, ҷолиб намешавад. Фақат ҳамин қадар мегӯям, ки мавзӯи қисса дарди ҷомеаи мост” – мегӯяд, муаллифи доимии мо.

Садоқат ба касб

Номи Абдумудассир Аҳмадзода барои аксарият шинос аст, зеро эшон яке аз собиқадорони матбуоти тоҷик ҳастанд. Соли 1976 пас аз хатми шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба зодгоҳашон шаҳри Панҷакент баргашта, ба ҳайси котиби масъули ҷамъияти “Китобдӯстон” фаъолият мекунанд. Сипас, як муддат муаллими мактаби миёна буданд. Соли 1983-1987 ба Ҷумҳурии Афғонистон фиристода мешаванд ва дар Раёсати Кашфи Ситоди Генералии Артиши Шӯравӣ хизмат мекунанд.

Унвони ҳарбии майор дошта, бо ордени “Ситораи сурх” ва чанд медал мукофотонида шудаанд.

Баъди гузаштани чунин марҳилаҳо бо кулбори пур ба фаъолияти журналистӣ мепардозанд. Аз соли 1990 чанд сол дар Радиои Тоҷикистон, баъдан дар нашрияи парлумонии “Садои мардум” кор мекунанд. Аз соли 2003 то соли 2021 дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аввал ба ҳайси мудири шӯъба, баъдан дар вазифаи муҳаррир кор карда, муддате сармуҳаррири “Оила” ҳам буданд.
-Дар касби мо осоиш нест. Гарчанде бознишаста бошам ҳам, вале нанавишта наметавонам, ҳамин аст, ки ҳоло ҳам ба фаъолияти касбиам идома медиҳам. Шукр, ки фарзандон калон шудаанд. Таъкид мекунанд, ки дар хона шинам, маро таъмин мекунанд, аммо ман бекор нишаста наметавонам. Бо “Тоҷикистон”-у “Оила” ва маҷаллаи “Даво” ҳамкорӣ мекунам.
-Журналист кист? – мепурсам, аз устод Аҳмадзода. Посухи эшон чунин буд:

-Оне, ки бетараф нест, ба мушкилоти ҷомеа чашм пӯшида наметавонад...

Китоби “Арӯси шайхи тиллоӣ” чоп мешавад?

Бо Ҳоҷӣ Абдумудассир Аҳмадзода суҳбати кутоҳе дар боби қиссаи “Арӯси шайхи тиллоӣ” доштем.

-Шумо журналисте ҳастед, ки бештар дар мавзуъҳои сиёсӣ менависед. Чӣ шуморо такон дод, ки қиссаи “Арӯси шайхи тиллоӣ”-ро таълиф кунед?

-Мушкили қочоқи духтарони тоҷик ба хориҷа дар оғози солҳои 2000-ум доғ шуд. Соли 2008 як гуруҳ духтарони фиребхӯрдаро аз Дубай баргардониданд. Ман он замон ин мавзуъро пайгирӣ мекардам, бинобар ин, кӯшиш кардам, ки бо духтарони аз Дубайомада суҳбат кунам. Аз байни ин бонувон як нафар сарнавишти Гулрафторро бароям нақл кард. Ин мавзуъ диққатамро ҷалб кард ва аз пайи таҳқиқи он шудам.

-Яъне, Гулрафтор қаҳрамони воқеӣ аст?

-Бале. Гулрафтор қаҳрамони воқеӣ аст. Ман борҳо бо ӯ мулоқот доштам. Хеле зебост. Чун аз деҳаи дурдаст омада буд, фиреб хӯрд ва ба Дубай афтид. Вале бахташ омад карду Шайхи араб ошиқаш шуд ва ӯро ба никоҳаш даровард. Вале душмонони шавҳараш айши ӯро талх карданд. Ӯ ҳам ширинии ҷаннати арабиро дид ва ҳам талхии дӯзахи онро чашид.

-Поёни қисса афсонамонанд аст. Шайхи тиллоӣ ба суроғи Гулрафтор ба Тоҷикистон меояд ва ӯро пайдо карда, бо худ мебарад.

-Ин афсона нест, балки воқеият аст. Воқеиятест, ки ба афсона монанд аст. Бахти Гулрафтор хандид. Ӯ ҳоло хушбахт ва бо Шайхи тиллоӣ аст. Ҳар тобистон ба Тоҷикистон меояд.

-Шумо бо ӯ вомехӯред?

-Солҳои охир не.

-Як замон овоза буд, ки аз рӯйи ин қисса филм ба навор мегиранд...

-Бале, аммо ин орзу амалӣ нашуд. Маблағ пайдо нашуд. Бовар кунед, ҳанӯз ҳам талабгорони ин қисса зиёданд, вале ин ҳама сол маблағгузоре пайдо накардам, ки ин қиссаро ба шакли китоб нашр кунад. Ҳоло чунин тасмим дорам. Худо хоҳад, рӯзҳои наздик китоби “Арӯси шайхи тиллоӣ” ба дасти хонанда мерасад.

Муроҷиат ба хонанда

 

Ҳоҷӣ Абдумудассир Аҳмадзода дар поёни суҳбат ба хонандагони “Оила” арзи сипос намуданд:
“Ман солҳо дар журналистикаи ба қавле ҷиддӣ кор кардам ва аз касби хеш розӣ ҳастам. Вале дар фаъолияти эҷодии ман “Оила” мақоми хос дорад. Вақте “Арӯси шайхи тиллоӣ” нашр мешуд, хонандагони “Оила” маро пайдо карда, изҳори миннатдорӣ мекарданд. Ба унвони нашрия ҳам номаҳои сипос мефиристоданд. То ҷое медонам, дар сомонаи “Оила.тҷ” ҳам ин қисса хонандагони зиёд дорад. Ҳамин аст, ки барои мухлисони нашрия қиссаҳои “Ишқи тиллоии муҳоҷири тоҷик”, “Каждум дар бағал” ва “Дар коми аждаҳо”-ро навиштам. Дастгирии хонанда ба мо нерӯ мебахшад. Агар хонанда писандад, то ҷон дар рамақ дорем, эҷод хоҳем кард.”

АЗ ИДОРА: Аҳли эҷоди “Оила” Ҳоҷӣ Абдумудассир Аҳмадзодаро ба муносибати 70-умин солгарди умр табрик гуфта, ба устоди азиз саломатӣ, умри дароз, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиашон барор мехоҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД