Чанд сол қабл клип-таронаи “Танцор диско» дар иҷрои як кӯдаки тоҷик шабакаи Ютубро ба ларза оварда буд. Офарандаи ин клип-тарона сароянда Абдумалик Одилов - роҳбари гурӯҳи «Мафтун» дар шаҳри Исфара мегӯяд, ки маҳз ҳамин клип ӯ ва писарашро ба Маскав ба барномаи Андрей Малахов бурд ва бо яке аз қаҳрамонҳои филми маъруфи “Танцор диско» Хема Малини ошно кард. Бо Абдумалик Одилов доир ба фаъолияти эҷодӣ ва вохӯрияш бо ҳунарманди маъруфи ҳинд суҳбат намудем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.
- Абдумалик, ба дунёи санъат чӣ гуна ворид шудед?
- Ман дар шаҳри Исфара, деҳаи Чилгазӣ ба дунё омадаам. Аз кӯдакӣ ба санъат дил баста будам, хусусан филмҳои ҳиндиро бештар тамошо мекардам. Азбаски падарам корманди милиса буданд, ман ҳам мехостам мисли қиблагоҳам нотарс, шуҷоъ ва ватандӯст бошам. Ҳангоми ба балоғат расидан ошиқ шудам, шеъру сурудҳои ошиқӣ ба ман таъсири дучанд мерасониданд. Худам чанд сурудро эҷод карда, мухлис ҳам пайдо кардам, вале касе набуд, ки маро дар ин ҷода дастгирӣ кунад. Вақте ки ҳамчун санъаткор ном баровардам, шоирон шеърҳояшонро оварда, аз ман хоҳиши оҳанг бастанро мекарданд. Ҳамин тавр, соли 2002 аввалин албоми худро бо ҳамроҳии Шералиҷон Шокиров, ки оҳангсози хело хуб ҳастанд, сабт кардам.
- Дар миёни мардум чӣ тавр шинохта шудед?
- Ростӣ, сурудҳои аввалини худро бештар аз рӯи ҳавас сабт мекардам, то ҳол бароям муаммост, ки чӣ гуна дар дили мардум ҷо гирифтам. Вақте гурӯҳи «Мафтун»-ро таъсис додем, одамон маро ба тӯю маъракаҳо даъват мекардагӣ шуданд. Боре аз деҳаи Ворух соҳибони як тӯй омада, хоҳиш намуданд, ки маъракаи онҳоро обод кунам ва пули нағз пешниҳод карданд. Азбаски деҳаи тӯйдор аз ҷои мо хело дур буд, ба хотири роҳи дурро тай карданашон розӣ шудам. Бо ҳамроҳии устодам Тошматов Ҳусейнбой, ки таҷҳизоти мусиқавии худро пешниҳод карданд, ба тӯй рафтем ва ман бори аввал дар назди мардум баромад кардам. Ҷавонон омада, аз ман соядаст мепурсиданд, аммо ҳатто намедонистам чӣ тавр имзои худро гузорам. Ҳамин тавр, ба дигар маъракаҳо низ даъват мекардагӣ шуданд. Ҳатто ҳолатҳое шуда буд, ки дар як моҳ ҳар рӯз фармоиши тӯй доштам.
- Дар саҳнаи консертӣ кай баромад карданро сар кардед?
- Аз соли 2006 барномаҳои консертӣ низ сар шуд. Дар тамоми шаҳрҳои вилояти Суғд консертҳоро ба мухлисон пешкаш карда, хело муваффақ шудем. Ин сабаб шуд, ки ба клипсабткунӣ низ машғул шавем.
- Боре ба касе тақлид кардан мехостед ё нафаре барои шумо намунаи ибрат буд?
- Дар кӯдакӣ китоби Даниэл Дефо «Робинзон Крузо» ба ман хеле таъсири мусбии худро расонид. Баъд аз мутолиаи ин китоб ба хулосае омадам, ки инсон ҳеҷ гоҳ бояд рӯҳафтода нашавад.
- Ба барномаи Андрей Малахов чӣ гуна даъватӣ шудед?
- Ман соҳиби 4 писар ҳастам. Тахминан солҳои 2012-2013-ум буд. Писари калониам дар боғчаи кӯдакона бо забони русӣ хеле хуб суруд мехонд. Боре ба писарам як суруди машҳури ҳиндиро аз филми «Раққоси Диско» шунавонида, гуфтам, ки агар онро аз ёд кунад, ба вай як мотосикли кӯдакона тӯҳфа мекунам. Писарам зуд шеърро аз ёд карду ман мотосикли ваъдагиро харида додам. Он вақт аллакай ба шабакаҳои иҷтимоӣ шомил шуда будам. Ман аз шавқи дил, ба хотири ёдоварӣ аз даврони кӯдакӣ, писарамро бо ҳамон мотосикл ба навор гирифта, клип омода кардам ва бо ҳамроҳии шогирдон клипро дар шабакаи Ютуб ҷой кардем. Клипи мазкур хеле машҳур шуд. Сараввал дар Тоҷикистон, баъдан дар тамоми ҷаҳон 2 миллион бинанда пайдо кард, ҳоло бошад, зиёда аз 10 миллион бинанда дорад. Рӯзе менеҷерони наттоқи машҳури рус Андрей Малахов бо ман дар тамос шуда, ба барномаи Шабакаи 1-и Россия даъват карданд. Бо ҳамроҳии писарам аввалин бор ба Москва раҳсипор шудем. Маблағи чиптаи ҳавопаймо, ҳотел ва дигар хароҷотҳо аз ҷониби телевизион пардохт шуда буд. Ба барномаи мазкур ситораи барҷастаи Ҳинд – Хема Малини низ даъватӣ буд. Мавзӯи барнома маҳбубияти филмҳои ҳиндӣ дар кишварҳои дигар буд. Дар барномаи мазкур ситораҳои эстрадаи рус аз қабили Натали, Согдиана ва дигарон низ иштирок доштанд.
- Аз вохӯрӣ бо Хема Малини чӣ таассурот бардоштед?
- Азбаски дар кӯдакӣ аз тамошои филмҳои ҳиндӣ бо иштироки Хема Малини, аз ҷумла «Зита ва Гита» ба ваҷд меомадам, он рӯзи фаромӯшнашаванда аз чеҳраи ин ҳунарманди мумтоз чашм канда наметавонистам. Хема Малини мисли пештара зани зебову як инсони хеле самимӣ ва заминӣ низ будаанд.
- Писаратонро дар барномаи мазкур чӣ гуна пазироӣ намуданд?
- Писарам дар барнома ҳамчун меҳмони хурдтарак - Муҳаммадқурбон Одилов муаррифӣ шуда, суруди ҳиндиро сароид ва дар қатори ситораҳои саҳна баромад кард. Вақте ки номи писарамро эълон карданд, шодии ман ҳадду канор надошт, чунки аз дурдасттарин ноҳияи Тоҷикистон ба мо муяссар гашт, ки дар назди машҳуртарин ситораи Ҳинд Хема Малини бо забони ҳиндӣ суруд хонем.
- Зимни сафар ягон монеа пайдо нашуд?
- Шукронаи ободии давлатамонро мекунам ва аз ҳамаи онҳое, ки бо ман кор мекарданд, аз кормандони вилоят миннатдорам, ки дар як рӯз ба мо барои ба сафар баромадан, шиносномаи хориҷиро омода карданд.
- Шумо муаллифи клип-филми «Рашки зиндагӣ» ҳастед. Идеяи филм чӣ гуна ба саратон омад?
- Рӯзе аз телевизион барномаеро дидам, ки роҷеъ ба вайроншавии оилаҳои тоҷик буд. Хостам ба воситаи клип ба тамошобинон муроҷиат карда, каме ҳам бошад, дар кам гаштани вайроншавии оилаҳо саҳми худро гузорам. Бояд гуфт, ки дар ин самт муваффақ низ шудем. Клипро наздики 1 миллион бинанда тамошо карда, шарҳҳои хеле хуб ҳам доданд. Ҳатто баъзеҳо изҳори миннатдорӣ кардаанд, ки баъд аз тамошои клипи мазкур аз оилавайроншавӣ даст кашиданд.
- Ба хонандагон чӣ таманниёт доред?
- Дар зиндагӣ бояд ҳамеша талош кард. Агар инсон ба як кори нек даст занад, албатта қуввае пайдо мешавад, ки ба ҳамон шахс кӯмак мекунад. Ба Пешвои муаззами миллат сад ҷаҳон ташаккури худро расонидан мехоҳам, ки дар кишвари осоиштаи мо сулҳ ҳукмфармо мебошад. То вақте зиндаам, ба мардуми тоҷик хизмат кардан мехоҳам.
Саида РУСТАМОВА,
мусиқишинос, мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ ПИТФИ