arzon replenishment
АБДУЛЛОҲ ДАР РОҲИ ҲИФЗИ ВАТАН ҶОН ФИДО КАРД!
3081

 

Абдуллоҳ Саидов, як афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, низ яке дигар аз қурбониёни даргириҳо дар марз бо Қирғизистон будааст.

 Як хешованди Абдуллоҳ, ки нахост номашро зикр кунем, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, 29 апрели соли равон қарибиҳои бегоҳ аз комиссариати ноҳияи Нуробод хабар доданд, ки фарзанди шумо дар роҳи ҳифзи ватан ҷони худро фидо кард.

“Аввал, боварамон наомад, аммо баъд вақте интернет даромада, бо вазъ ошно шудем, дидем, ки ӯ танҳо нест ва ӯ дар ҳақиқат дар ҷанги рӯ ба рӯ, мардона, ҳарчанд вақташ набуд, ҷавон, аз сад гулаш як гулаш ношукуфта буд, ба шаҳодат расидааст. Ҷудоияш сахт аст, аммо ифтихор мекунем, ки фарзанди моро Худованд ба чунин обрӯву иззат гирифт”, - гуфт ӯ.

Абдуллоҳ Саидов 21 августи соли 1995 дар деҳаи Миёнадараи ноҳияи Нурободи водии Рашт дар хонаводаи деҳқони одӣ таваллуд шуда, соли 2013 пас аз хатми мактаби миёнаи ин деҳа барои идомаи таҳсил ба Душанбе рафт.

Шералӣ мегӯяд, аз ҳамон даврони мактаб дилбастагии хосе ба кори низомӣ дошт, мегуфт, орзу дорад генерал шавад.

“Ҳамон сол аз имтиҳони Коллеҷи ҳарбии Душанбе ба номи Сангак Сафаров нагузашт. Гуфтем, рав пайи зиндагиат, Русия рав, аз ин корат чӣ суд, низомӣ маоши кам мегирад, рӯзат намегузарад... Аммо ҳеҷ гӯш намедод”, - қисса мекунад хешованди Абдуллоҳ.

Ҳамон сол Абдуллоҳ ба Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе дохил шуда, онро хатм кард. Соли 2015 ниҳоят бо муваффақият имтиҳонҳои Коллеҷи ҳарбии Душанберо супурда, соли 2019 онро хатм кард ва ба сафи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пайваст.

“Аз рӯи тақсимот ӯро ба қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ дар Исфара фиристоданд. Фармондеҳи кадом рота буд, ё чӣ, дақиқ намедонам. Ҳамагӣ чор рӯз пеш аз маргаш рутбаи капитаниро гирифта буд. Ҳамин тавр, ӯ ба сӯи генералиаш пеш мерафт”, - гуфт ҳамсӯҳбати м

Вай афзуд, як бор барои диданаш рафт, бо фармондеҳонаш суҳбат кард ва ҳамаи онҳо аз Абдуллоҳ ситоиш карда буданд, ки ҷавони ояндадор аст.

“Мо гоҳ – гоҳ аҳволпурсӣ мекардем. Фақат мегуфт, ҳама корҳояш хубанд. Мегуфт, дар хизмати модарам. Фақат ҳамин. Чун дар ҷои пурмасъулият кор мекард, хеле пухта буд ва дар бораи кораш ба ҳамин ҳарфҳои умумӣ иктифо мекард. Аммо маълум буд, ки аз кораш розӣ аст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Абдуллоҳ Саидов аз худ бузургтар як хоҳару як бародар дошт. Фарзанди хурдии хонаводаашон буд ва хонадор набуд.

“Як ҳафта пеш аз ҳамин ҳодисаҳо ҳамроҳ суҳбат кардем. Аз хонадоршавиву тӯй сухан рафт. Шӯхиаш кардам, ки ягон касро таги чашм кардаӣ? Ӯ ҳам шухӣ кард, ки гап дар рафтанатон ба хостгорӣ. Ман ҳам хандидаму дигар нахостам, ки боз ӯро изо диҳам”, - қисса мекунад ҳамсӯҳбати мо.

Ба қавли ӯ, Абдуллоҳ бори охир якуми март ба Нуробод омада, чор рӯз меҳмони падару модар буд ва хеле хушу шодмону зиндадил ба назар мерасид.

“Мо намедонистем, ки ин дидори охирин аст. Мегуфт, ин дафъа ояд фалон корро мекунем. Зиёд “ин дафъа” ину он мекунем мегуфт. Ман аз куҷо донам, ки ин дафъа ҳеҷ гоҳ иттифоқ намеафтад”, - гуфт ӯ.

1 апрел соати 9 – и субҳ ҷанозаи Абдуллоҳро ба Нуробод оварданд ва дар зодгоҳаш дар як маросими расмӣ ба хок супурданд. Ҳамин тавр, як ҷавон дар айни шӯру шавқи ҷавонӣ орзуҳои худро ба хок бурд.

 БОЗНАШР АЗ "СПУТНИК"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД