Абдул Сайид аввалин мусалмоне,ки дар таърихи Амрико сенатори ин кишвар шуд.
Абдул Сайид, номзади мусалмони Ҳизби демократ аз Иёлати Мичиган дар Маҷлиси Сенат-и Амрико эъломи пирӯзӣ кард. Дар сурати тасдиқи ваколати ӯ, Сайид нахустин сенатори мусулмон дар Амрико хоҳад шуд.
Ӯ рӯзи 4-уми ноябр, дар суханроние дар назди ҳаводоронаш гуфт, ки “шумо ба номзаде эътимод кардед, ки кам касон фикр мекарданд, муваффақ мешавад" ва аз онҳо барои дастгирияшон изҳори сипос кард.
То кунун 80%-и овози интихобкунандаҳо шумурда шудааст ва дар рақобат барои ба даст овардани курсии Санои Мичиган Сайид бо беш аз 52%-и раъйҳо пешсаф аст. Рақиби ӯ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Майк Роҷерс зиёда аз 46% раъй дорад. Ин рақобат, ки яке аз пурҷанҷолтарин набардҳои интихоботи миёндавраии имсола ба ҳисоб мерафт, ки бо баҳсҳое дар бораи аслу насаб ва дини Сайид ҳамроҳ буд. Ӯ борҳо ба далели мусалмон буданаш ҳадафи ҳамлаву интиқод қарор гирифт.
Сайид имрӯз рақибашро барои роҳандозии маъракае, ки дар он дин ва эътиқоди ӯ ба масъалаи асосӣ табдил ёфта буд, танқид кард.
Ин сиёсатмадори мусалмон хостори қатъи кумакҳои Амрико ба Исроил аст ва мегӯяд, кумакҳои молии Вашингтон ба Телавив сарфи наслкушӣ дар Ғазза мешаванд.