Sebiston new 2024 october
Абдухалил Буриев: Бо Сангалӣ монандӣ дорем, аммо ман сода нестам
19.10.2024
ОИЛА.ТҶ
1146

Силсилафилми интернетии “Хусури ман” дар ҷомеаи мо хеле машҳур шуд. Ҳар қисми он дар Ютуб зиёда аз як-ду миллион тамошобин дорад, ҳатто қисми якумашро зиёда аз се миллион нафар дидаанд. Бо офарандаи нақши Сангалӣ - яке аз қаҳрамонҳои асосии силсилафилми мазкур Абдухалил Буриев дар бобати пайвастан ба дунёи синамо, бурду бохти “Хусури ман” ва нақшаҳои ояндааш суҳбат кардем, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

- Аслан, мо бо шумо доир ба нақшофариатон дар силсилафилми интернетии “Хусури ман”-и Набиҷон Пирматов суҳбат мекунем. Аммо чун шуморо нахуст дар силсилафилми дигари коргардони мазкур "Ишқ, пул, Душанбе" дидем, бигӯед, ки ҳамкориатон чӣ гуна оғоз шуд?

- Асосан, ман аз соли 2015 бо Набиҷон Пирматов ҳамкорӣ мекунам, вале ҳамкориамон аз соли 2020, яъне аз замони таҳияи силсилафилми "Ишқ, пул, Душанбе" қаввитар шуд. "Ишқ, пул, Душанбе" силсилафилми тоҷикиест, ки аз сад қисм иборат буд ва ман наворбардор будам.

- Дар "Ишқ, пул, Душанбе" шумо ҳамчун наворбардор муаррифӣ шудед, чӣ гуна худро ҳамчун актёр санҷидед?

- Дар вақти таҳияи силсилафилм нақши хурде пайдо шуд ва Набиҷон пешниҳод карданд, ки худамро дар ин самт ҳам бисанҷам. Ҳамин тавр, дар баробари наворбардорӣ ҳамчун актёр нақши лаҳзаинаро бозидам.

- Оё маълумоти олии актёрӣ доред?

- Ман факултети фарҳангшиносии Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардаам. Аммо аз рӯйи ихтисос кор накардам ва бештар ба корҳои наворбардориву танзимгарӣ шавқ доштам.

- Ба андешаи шумо ба ҳунарманд доштани диплом муҳим аст?

- Фикр мекунам, ки маълумоти олӣ дар ҳама соҳа муҳим аст, аммо дар соҳаҳои эҷодӣ пеш аз диплом истеъдод ва малакаву маҳорат меистад.

- Бо ҳунармандони касбӣ дар филм нақш офаридан барои шумо душвор нест?

- Ҳеҷ мушкил нест. Баръакс, бо ҳунармандони ҳирфаӣ нақш бозидан барои ман омӯзанда аст. Аз онҳо нозукиҳои ин соҳаро меомӯзам.

- Дар силсилафилми "Хусури ман" шумо нақши ҷавони аҷибу дилдодаро иҷро мекунед. Бигӯед, ки чӣ гуна ин нақш ба шумо расид?

- Вақте ки бо Набиҷон нақшаи силсилафилми мазкурро таҳрезӣ мекардем, ба хулосае омадем, ки нақши “Сангалӣ”-ро ман меофарам. Ман мӯйлаб мондаму “Сангалӣ” шудам. То куҷо муваффақ шуданамро бинанда баҳо медиҳад.

- Яке аз лаҳзаҳои ҳассос дар “Хусури ман” ин як пораи қисми 15-ум аст, ки дӯстдухтари Сангалӣ ба шавҳар мебарояд. Вақте ки арӯсро аз ҳавлӣ мебароранд, қаҳрамони шумо бо алами зиёд ва чашмони сурх ҳам мегиряд ва ҳам мерақсад, ки бисёр одамони эҳсосӣ бо дидани он гиристанд. Ҳамчунин, ҳамон саҳнаи филм дар саҳифаҳои гуногун гузошта шуд ва тамошобини зиёд пайдо кард. Бовар доштед, ки онро тамошобин чунин гарм қабул мекунад?

- Агар гӯям, ки бовар надоштам, хато мекунам, зеро бовар доштам. Мо болои он саҳна чанд моҳ тайёрӣ дида будем ва итминон доштем, ки саҳнаи ҳассосу марказии қисми 15-ум мегардад.

- Пас аз оне, ки саҳнаи мазкур дар саҳифаҳои гуногун нашр шуд, бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ як пораи намоҳанги ӯзбекиро дар саҳифаҳои худ гузоштанд, ки бо саҳнаи филми шумо хеле монанд аст. Лутфан, бигӯед, ки он аз ӯзбекҳо нусхабардорӣ шудааст ё онҳо аз шумо гирифтаанд?

- Дар асл, мо пас аз нашри қисми 15-ум баъд фаҳмидем, ки чунин намоҳанги ӯзбекӣ будааст. Ростӣ, аз вуҷуд доштани маҳсули кори ӯзбекҳо хабар надоштем. Аммо иқрор бояд шуд, ки ба он саҳнаи филм монандро мо дар як силсилафилми фаронсавӣ дида будем, ки он ҷо рақс бо рақси мо монанд набуд. Албатта, ба мо ҳам бисёр навиштанд, ки гӯё аз намоҳанги ӯзбекҳо нусхабардорӣ кардем, аммо чунин нест.

- Сангалӣ дар силсилафилм ҷавони сода аст. Ҳатто ба “хулиган” бовар карда, тамоми молҳои оғилашро мефурӯшад. Умуман, шумо бо қаҳрамонатон ягон монандӣ доред дар зиндагӣ?

- Албатта, монандӣ дорем. Барои мисол, ман ҳам дар деҳа калон шудаам ва монанди Сангалӣ сару либос доштам. Вале фикр мекунам, ҳеҷ вақт содаву зудбовар набудам.

- Ба фикри шумо чаро силсилафилми "Хусури ман" ин қадар машҳур гашт?

- Албатта, сабабҳо зиёданд, вале фикр мекунам яке аз омилҳои асисӣ ин аст, ки саҳнаҳои филм ба зиндагии одии мардум монандии зиёд доранд.

- Бешак, шуморо мардум тавассути филмҳои Набиҷон Пирматов шинохт. Бигӯед, ки пеш аз ин ҳама ба чӣ корҳо машғул будед?

- Ман аз соли 2007 то 2019 дар телевизион кор мекардам. Аз соли 2020 дар филмҳои Набиҷон кор карда истодаам.

- Силсилафилми "Хусури ман" то кай давом мекунад ва оё нақшаи таҳияи филми дигарро низ доред?

- Ростӣ, намедонам силсилафилми "Хусури ман" то кай давом меёбад. Дар мавриди корҳои нав бошад, албатта, нақшаҳои зиёд дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД