arzon replenishment
Аҷабо мор аз хона куҷо шуд?
2695

Дирӯз соати 13:40 дақиқа як сокини кӯчаи Ҳувайдуллоеви  пойтахт ба навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар манзили истиқоматиаш мор пайдо шудааст.

Баъди тамоси соҳиби хона дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса равон шуд. Онҳо ҳарчанд то соати 14:37 морро ҷустанд, аммо онро пайдо накарданд. Ба гуфти кормандони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе эҳтимол меравад, ки мор аз овози зиёди одамон тарсида, бо кадом як аз сӯрохе боз ба берун рафта аст.

 

Соли гузашта айнан дар ҳамин фасл чанде аз ҷавонони тоҷик дар шаҳри Ҳисор мори азимҷуссаи нодиреро ба навор гирифта буданд, ки дар Тоҷикистон зиёд ба назар намерасад. Ин мор дар наздикии деҳаи Тӯда, тақрибан 25 километри ғарбии Душанбе дида шудааст. Хушбахтона, ҷонвар ба касе ҳамла накарда, осеб ҳам нарасонидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД