Formula novemver 2024
ШАВҲАРИ ПИНҲОНӢ
21.08.2022
ҲИЛОЛА
2425

 

Бону сахт аз ошкор шудани сири пинҳонаш метарсад, аз чизе танқисӣ надорад ин зани зебо, вале шабе нест, ки нагиряд ва аз Худо ҳали мушкилашро наҷӯяд…

Посӯхта Бону дар деҳаяки хурди кӯҳистон ба дунё омадааст, фарзанди калонии хонавода буд ва баъди даҳ соли интизориҳои волидайн ба канори эшон омад. Оҳ дӯсташ медоштанд, эрка ба нози падар буду моҳи хиромони модар.

Баъди Бонуи нозанин модар боз ду фарзанди худро аз даст дод, занҳои калонсол ба модараш гуфтанд, ки агар кафи пойи духтарашро сӯзонад, боз фарзандони дигарашонро саломат ба даст мегиранд. Падари Бону ин гапро аз ҳамсараш шунида гуфт: -Номаъқула сад бор кардаанд кампирҳои ту! Пойи духтарамро насӯзон, айби ин чӣ, ин кори Худост, -Бону дар ин айём ҳафтсола буд, бо чашми гирён аз аммаш пурсид, ки чаро модараш пояшро месӯзонад. Аммаи бевааш, ки дар ҳамсоягии онҳо мезисту ҷонаш ба ҷони фарзандони додараш баробар буд, ӯро ба оғӯш гирифта гуфт:- Аммат балогардонате, ин ҳамин хел як ирим, поятро ҳеҷ кас намесӯзад, камтарак ба оташ наздик мекунанду халос. Баъд додарчадор мешавӣ,- писари шӯхи ҳамсоя Барот-ҷинӣ, ки токҳои онҳоро мезад, бо шухӣ гуфт:-Бонуҷон, ба поят карасин рехта, оташро сар деҳ, кори осон. Аммааш Баротро бо калуше се-чорто зада, -мур ту ҷиннӣ,- гӯён аз ҳавлӣ берун кард. Акнун Гулрӯ ҳамеша дар ғами сӯз мондани пояш буд, зеро мехост соҳиби хоҳарак ё додараке шавад. Як рӯз аз рӯйи маслиҳати Барот-ҷиннӣ амал карда, ба пояш карасин рехту гӯгирд зад ва фарёди ҷонкоҳаш баланд шуд… Таззоди қисмат Модараш давида омада дид, ки оташ ба куртаи духтараш часпида аст ва рӯймолашро аз сараш гирифта, ӯро пӯшонд. Бону зарари сахт надид, пояш каме сӯхта буд, вале модараш Амина зуд ба бародараш занг зад ва тағояш Бонуро ба духтур бурд. Пояшро малҳам бастанд ва доруҳо низ доданд, бечора модараш аз тарс дир-дир меларзид.

Амаки Зафар ба хона омаду пойи духтарашро докапеч дида гуфт: -Ҳой девонаҳо, шумо ахир гуфтаатонро кардед,- ҳамин вақт Бонуча, ба падараш нигоҳ карда пичиррос зад,- дадаҷон, ман худам поямро сӯзондам, акнун додарчадор мешавам,-аммаи Бону аз тарсе, ки бародараш нафаҳмад, ки ин шӯхии Баротҷинӣ асту ӯро зада накушад, гапро ба дигар сӯ бурд. Бонуи зебо пас аз се рӯз ба кӯча баромад. Барот барояш шириниҳои зиёд ҳарида, ба диданаш омаду ӯро ба оғӯш кашида гуфт,- сиёҳпичамарг ман шӯхӣ кардам, наход худата алов сар диҳӣ, агар мемурдӣ, ман худамро мекуштам. Ҳама нафаси осуда кашиданд, ки духтарак ба балое напечид, Зафар, ки яке аз сарватмандҳои музофот ба шумор мерафт, ба ҳаққи Баҳовиддини балогардон як гов кушта, хомталош кард.

Барот гӯштро ба ҳама тақсим карда, шикамсерӣ гӯштбирён хӯрду ба аммаи Бону нигариста хандид: -Аҷаб кори хубе кардам а, хола?-Зан ин дафъа лаълии оҳанинро ба сари Барот ғурронд, ки ба оринҷаш бархӯрда, ҷонаш баромад…

Аммо хандаи бахтро бинед, ки баъди ҳамин ҳодиса волидонаш соҳиби як духтару ду писари дигар шуданд. Зиндагӣ дар маҷрои худаш равона буд, Бонуи нозанин пеши зани тағояш, ки дузандаи машҳуре буд, нишаста дузандагиро омӯхт. Синфи даҳ мехонд, ки барои арӯсон курта медӯхту пул меёфт, ин духтари нозанину ҳунарманд харидори зиёде дошт, вале падараш ӯро ба писари як рафиқаш ба шавҳар дод.

Чашми бад...


Рӯзи тӯй хушдоманаш се-чор бор испандуд кард, зеро метарсид, ки ба писари зебою келини барнояш чашми бад мерасад. Шавҳари Бону кормани ҳарбӣ буду баъди тӯй ҳамсарашро гирифта, ба қисми ҳарбие бурд, ки он ҷо ифои вазифа мекард.

Бону дар шаҳрчаи тозаву озодаи ҳарбӣ дар хонаҳои зебову барҳаво зиндагӣ мекард, Худованд ба ӯ писараки зебое ҳадя кард. Ӯ ба маошу пули ҳамсараш нигоҳ накарда, худаш курта медухту пули ёфтаашро сарфи хонаву дараш мекард, ҳар вақти хабаргирӣ рафтани падару модараш ба дасти онҳо пул мемонд ё ягон тӯҳфаи хушрӯ харида мебурд.

Хусуру хушдоман, ду додаршӯву як хоҳаршӯ ӯро мисли фарзанди падар қадр мекарданд. Зарифи ҷиддию бо сиёсат ҳам ҳамсари нозанину меҳнативу хизматияшро дӯст медошт, вале дар як сафари хизматӣ ба садамаи нақлиётӣ афтиду зани нозанин ва писараки яксолаашро ятим кард. Хушдоманаш, ки равои озори Бонуро надошт, акнун душмани ашаддияш шуда, дар марги писараш ӯро гунаҳгор мекард. Мегуфт, ки ту аз кӯдакият наҳс будиву то оташат назаданд, додару хоҳарат таваллуд нашуду касофатии ту ба писарам зад.

Бону ғайри гиристан дигар посух надошт, ба таънаҳои хушдомани писаргумкардааш. Падараш ӯро баъди гӯронидани Зариф ба хона овард, аммо Бону аз гиряву нолаи зиёд ба бемории равонӣ печид.

Духтурон ба амаки Зафар тавсия доданд, ки маҳалли зисти духтарашро иваз кунад, аз ҷойи кори шавҳараш барои Бону ва Ардашер пул ҷудо карданд, падараш болои он маблағ зам карда, аз пойтахт барои духтараш хона харид ва худашу ҳамсараш ҳам ҳамроҳи духтари баргаштабахташон ба шаҳр кӯчиданд.

Шаҳри калон ба Бону таъсири худро гузошт, ӯ дар як омӯзишгоҳ дохил шуда, духтани либосҳои мардонаро низ ёд гирифту дар ателеи бонуфузе ба кор оғоз кард. Ардашерро ба боғча монду худашро ба кор бахшид, падару модараш ба деҳа баргаштанд, гоҳе ба хабаргирияш меомаданд. Хонааш беодам набуд, хешу табор бисёр меомаданд. Ардашер низ мактабро хатм карду ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи иқтисодии Маскав дохил шуда рафт… (Давом дорад) Шавҳари пинҳонӣ Бону сахт танҳоӣ мекашид солҳои аввал, вале оҳиста-оҳиста омӯхта шуд, худро тасалло медод, ки ин ҷудоӣ муввақатӣ асту писараш бармегардад, келин мефарорад ва соҳиби набераҳо мешавад, аммо Ардашер баъди хатми донишгоҳ дар Маскав монд.

Кори хуб ёфт, бо тоҷикдухтари муқими Маскав хонадор шуд, Бону дар тӯяш рафт, аммо дар шаҳри бегона зиста натавонист. Қудоҳояш тоҷикони Бухоро буданду ӯро зиёд дӯст медоштанд, писараш бо ёрии хусураш дар маркази шаҳр хона харид, келинаш Бонуро зорӣ мекард, ки бо онҳо монад, аммо Бону ба ватан баргашт.

Акнун як пойи Бону дар Маскав буду як пояш дар Тоҷикистон, ба танҳоӣ одат карда буд, вале… Як бегоҳ ба беморхона ба хабаргирии ҳамдеҳааш, дугонаи аёми кӯдакиҳояш рафта, то дер бо ӯ сӯҳбат карда шишт. Баҳор буд, чун берун баромад, майда –майда борон меборид, чун беморхона аз хонааш дур набуд, қарор дод, ки пиёда меравад, зеро тар шудан зери борони баҳориро дӯст медошт.

Ҳамин вақт мошине дар лаби роҳ истода, ронанда ӯро ба нишастан таклиф кард, Бону рад кард. Ронанда мошинро ба бероҳае бурда монда, бо ӯ ҳамроҳ шуд, ҷавони болобаланди абрӯсиёҳ ҳамсоли Ардашер метофт. Бону бе ягон шубҳаи бад бо ӯ сӯҳбаткунон то хонааш омад, ҷавон ӯро то пушти дараш оварда баргашт. Субҳи дигар ҷавонро дар рӯйи бинои истиқоматияшон дида, ҳайрон шуд, Амир дигар ӯро ором нагузошт.

Ҷавон ба ӯ гуфт, ки ҳамон рӯз ман ба беморхона даромаданатонро дида, мунтазири баромаданатон нишастам, намедонам барои чӣ, вале аз як нигоҳ дар дилам нишастед. Амир сӣ сол дошту Бону чилу ҳашт, ҳамсоли писараш буд ин ҷавон, вале на ба ҳақорату зӯрӣ на ба зорӣ натавонист ӯро аз рӯйи роҳаш дур кунад ва оқибат онҳо пинҳонӣ ақди никоҳ бастанд.

Инак, шаш моҳ боз онҳо пинҳонӣ аз пайвандони ҳамдигар зиндагӣ доранд. Амир мехоҳад, ки Бонуро бо модараш шинос кунад, вале зан шарм медорад…
16:44
Ҳарчанд Бону аз синну солаш ҷавон метобаду хеле зебо аст, вале метарсад, ки барои шавҳари ҷавон карданаш ангуштнамои халқ мегардад. Амир аз зани аваллааш ҷудо шудаасту як писар дорад, занаш шавҳар кардаасту писараш бо ӯ зиндагӣ мекунад. Табиист, ки Бону наметавонад фарзанд таваллуд кунад, аммо Амири ошиқи

шайдо парво надорад, мегӯяд пир, ки шудем, як набераи ту ё як набераи маро наздамон мегирем. Ҳарчанд Бону пули хуб меёбад, аммо Амир тамоми хароҷоти хонаро худаш мекунад, ӯ ширкати тиҷоратии хусусӣ дорад. Бисёр вақт хонаи Амир мераванд, зеро ҷавонмарди боғурур ба хонаи зан рафтанро хуш надорад… Бону намедонад ин афсонаи зебо бо чӣ анҷом меёбад, вале сахт метарсад… 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД