Чха Са Сун, сокини шаҳри Ҷонҷуи Кореяи Ҷанубӣ, соли 2010 дар 960-ум кӯшишаш тавонист соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шавад.
Ин зани қавиирода он замон 69 сол дошт. Чха Са Сун дар 950-ум кӯшишаш қисми назариявии имтиҳонҳоро супурд ва барои гузаштан аз имтиҳони амалӣ даҳ кӯшиши дигар анҷом дод, ки охиринаш натиҷабахш гардид. Сабаби кашолакорӣ дар супурдани имтиҳони назариявӣ савод надоштанаш буд. Ниҳоят қобилияти равониаш ба ӯ имкон дод, ки аз санҷиш гузарад. Ҳамин руҳияи шикастнопазир ва иродаи қавӣ ӯро қаҳрамони миллӣ ва шомили Китоби рекордҳои Гиннесс гардонда, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гашт.