9 паҳлавони тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam-2025” иштирок мекунанд
28.11.2025
Oila.tj
47

Аз 28 то 30-юми ноябр дар шаҳри Абудабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam-2025” баргузор мешавад. Дар мусобиқа 387 ҷудокор аз 57 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 паҳлавон намояндагӣ мекунанд. Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кг, Абӯбакр Шеров ва Муҳиддин Асадуллоев ҳарду дар вазни то 73 кг, Суннатулло Мӯсоев ва Беҳрӯз Хоҷазода ҳарду дар вазни то 81 кг, Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ҳарду дар вазни то 90 кг, Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов ҳарду дар вазни то 100 кг дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тило 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД