Мехоҳед дар фасли зимистон низ мисли малика зебо бошед? Мо ба шумо 9 маслиҳати муфиди косметологиро пешкаш менамоем, ки барои нигоҳ доштани ҷавонию зебоии пӯст ёрӣ мерасонанд.
1. Дар фасли сармо танҳо малҳам-кремҳои дар таркибашон витамини Е ва D доштаро интихоб намоед.
2. Дар пӯсти шумо ситорачаҳои мушакӣ (сосудистые звездочки) пайдо мешуда бошад, ҳатман кремҳои дар таркибашон витамини К доштаро интихоб намоед.
3. Пӯстатон бениҳоят хушк бошад, ба малҳами ороишии худ (тональний крем) каме малҳами нармкунанда (увлажняющий крем) омехта намуда, баъд онро ба рӯятон молед ва пас аз 30 дақиқа аз хона бароед.
4. Вақте ки ҳарорати ҳаво аз сифр поён аст, косметикаи хушкро истифода набаред. Дар чунин ҳавои сард упои сурх (румяна)-ҳои равғанӣ, подводка ва тенҳои ба крем монандро истифода бурдан беҳтар аст. Пеш аз оне, ки ба кӯча мебароед, ҳатман ба рӯятон каме упо (пудра) молед.
5. Кӯшиш кунед, ки бештар об нӯшед. Он барои ба низом даромадани кори ҳуҷайраҳо кӯмак мерасонад.
6. Ҳатман модаи нармкунандаи ҳаво (увлажнитель воздуха) харед. Он ҳавои манзили шуморо мӯътадил нигоҳ медорад.
7. Хунук хӯред ҳам, бо оби аз ҳад гарм оббозӣ накунед. Ҳар қадаре, ки об гармтар бошад, ҳамон андоза бештар пӯсти шуморо хушк месозад.
8. Пас аз амалиётҳои косметологӣ бо сачоқи патдор пӯстатонро сахт кашиш надиҳед, зеро он пӯсти нозуки шуморо озор дода метавонад. Беҳтараш аз сачоқҳои нарм истифода баред.
9. Амалиётҳои косметологӣ, аз ҷумла лифтинг, ниқобҳои минералӣ ва воситаҳои зебоиеро, ки дар таркибашон каллоген доранд, дар фасли зимистон истифода набаред. Чунин амалиётҳоро дар фасли баҳор анҷом додан беҳтар аст, зеро дар баҳорон пӯсти инсон ба нармсозии махсус ниёз дорад.