Arzon march 2024
8 тавсияи зебоӣ дар тирамоҳ
1104

Ҳавои сарду абрии тирамоҳӣ на танҳо ба саломатӣ, балки ба ҳолати пӯсти рӯй низ таъсири худро мерасонад. Тағйрёбии боду ҳаво дар якҷоягӣ бо фишори руҳӣ, ки дар ин фасл ҳамарӯза эҳсос карда мешавад, ба инсон бе таъсир намемонад. Барои он ки тирамоҳ рӯзи шуморо тира насозад, ба чанд маслиҳати оддӣ гӯш андозед.

1. Хӯроки витаминдор хӯред

Дар тирамоҳ мӯйҳо бошиддат ба рехтан сар мекунанд, зеро ҳар тирамоҳ мӯйи инсон рехта, аз нав ба афзоиш сар мекунад. Барои ба эътидол овардани афзоиш ва мустаҳкам сохтани мӯй витаминҳои В5 ва Н истеъмол кардан лозим аст.Витаминҳои зеринро аз таркиби нахӯди сабз ва ғалладонагиҳо аз қабили биринҷ, ҷуворимакка, марҷумак (гречка) пайдо карда метавонед. Ҳафтае ду маротиба ба мӯйҳоятон ниқобҳои ғазобахш молед.

2. Пӯстро тоза кунед

Барои он ки пӯст таровати худро гум накунад, бояд барои тоза шуданаш аз скрабҳои безарар, ки дағал набошанд, истифода бурд. Ҳафтае як маротиба аз скраб истифода бурда, ҳамарӯза аз малҳами нармкунанда истифода баред.

3. Бо оби ҷӯш рӯй нашӯед

Дар ҳавои сард намнок нигоҳ доштани ҳавои утоқҳои истиқоматӣ ва корӣ хеле муҳим аст. Дар чанд ҷои утоқи худ зарфҳои обдор гузоред. Баъдан бо оби ҷӯшон оббозӣ накунеду дасту рӯй нашӯед. Оби ҷӯш қабати муҳофизатии пӯстро осеб мерасонад. Ба ҷои собун гели малҳаммонандро истифода баред.

4. Нармкунонӣ ва ғизодиҳӣ

Қабл аз он ки ба кӯча мебароед, ҳатман ба рӯй малҳами нармкунанда (увлажняющий крем) ва ба лабҳо балзам молед. Пӯсти хушкшудаи дастро мушкоб ё малҳами дорои глитсерин хеле хуб муҳофизат мекунад. Рафту баъд аз молидани чунин малҳам пӯсти даст мекафида бошад, ниқоби ғизобахш молида, аз рӯяш дастпӯшаки пахтагин пӯшед.

5. Ғизо барои зебоӣ

Селен ва витамини А ва С пӯстро хеле хуб ҷавону чандир нигоҳ медоранд. Витамини А бештар дар таркиби меваву сабзиҷоти норанҷӣ вуҷуд дорад. Витамини С-ро дар таркиби чой, какао, гулкарам, ҷаъфарӣ, қаланфур, киви ва меваҳои ситрусӣ дастрас карда метавонед. Селен дар таркиби гӯшт, тухм, моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ фаровон аст.

Бо сабаби норасоии коллаген таровати пӯст гум шуда, чинҳо пайдо мешаванд. Барои ба таъхир гузоштани раванди пирӣ чормағзу донаки офтобпараст ва нӯшокиҳои дорои ҷавҳари алоэ вера истеъмол кардан лозим аст. Ҳамарӯза нӯшидани 8 истакон обро низ фаромӯш накунед. Сирри мӯйҳои ғафсу солим бошад, дар илова кардани хамиртуруши ҷавин (пивные дрожжи) ба ғизо мебошад.

6. Серҳаракатӣ

Ҳамарӯза ба золи варзишӣ рафтан шарт нест, вале агар ҳафтае се маротиба дар хона машқ кунед, ҳам саломатиро хуб нигоҳ медореду ҳам изтироби тирамоҳиро аз худ дур месозед.

7. Дилхушӣ кунед

Табъи хушу дилхушӣ занро аз ҳама гуна косметика беҳтар зебо месозад. Аз ин рӯ, ҳар лаҳзаи холиро барои хуш гузаронидани вақт сарф намоед. Сайругашт кунед, бо дӯстону наздикон мулоқоту дилхушӣ кунед. Хандаву шухӣ асабҳои шуморо мустаҳкам нигоҳ медоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД