Arzon march 2024
#8 СИТОРАҲО ДАР ДАВРАИ ПАНДИМЕЯ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?
2164

 Дар ин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳон мубталои пандемияи Covid-19 гаштаааст, тамоми соҳаҳо зарари иқтисодиву молиявӣ дида истодаанд. Аҳли фарҳангу санъат, эҷодкорон ва махсусан, сарояндагон дар ин шабу рӯз чӣ ҳол дошта бошанд?!

Сомонаи “Оила” ба хотири бохабар шудан аз вазъи зиндагии ситораҳои эстрада дар шабу рӯзи пандемия бо баъзе аз ҳунармандон дар тамос шуда, аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуд. Биёед, бубинем, ки коронавирус ба ҳаёти сарояндагони тоҷик то кадом андоза таъсир расонидааст? Дар ин шабу рӯз ҳунармандон аз кадом ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранду чӣ мушкиливу дарди дил доранд?


ШАБНАМИ СОБИРӢ: ЯГОН МАЙДА АЗ БЕПУЛӢ АЗОБ НАМЕКАШАМ!

- Дар ин шабу рӯз, ки баргузории тӯю маъракаҳо манъ карда шуданд, Шумо аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред?

- Рости гапро гӯям, дар давраи пандемия ба буҳрон дучор нагаштам., зеро тӯйҳое, ки ман мегаштам, захирааш ба се ё чор соли охир мерасад. Хӯроки беҳтаринро ҳамроҳи шавҳарам дар хона омода карда мехӯрем.

- Чӣ гуна худро аз сирояти коронавирус ҳифз намуда истодаед? Дар хона мешинед?
- Беҳтари вақт дар хонаам ва тарбияи кӯдаконамонро пурра ба дасти худ гирифтаам.

- Ба хонандагони “Оила” дар ин давраи вазнин чӣ гуфтан мехоҳед?

- Ба ҳамаашон саломатӣ мехоҳам ва хоҳиш мекунам, ки тавсияҳои Вазорати тандурустиву духтуронро ба пуррагӣ риоя кунанд.


P. S: Сомонаи "Оила" силсиласуҳбатҳояшро бо ситораҳои санъати тоҷик идома дода, ҳар рӯз соати 9:00 бардоштаҳояшро дар сомона нашр мекунад. Пагоҳ суҳбати моро бо Шаҳзоди Даврон дар мавзӯи мазкур пайгирӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД