arzon replenishment
8 хусусияти табобатии чукрӣ
684

Баҳори сабзу хуррам низ фаро расид. Дар ин айёми гулрез одамон ҳар қадар бештар ғизоҳои алафӣ ва чукрию торон хӯранд, ҳамон андоза иммунитеташон пурқувват мегардад, зеро дар таркиби растаниҳои баҳорӣ витаминҳо ва моддаҳои барои организми инсон зарурӣ хеле зиёданд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи хусусиятҳои табобатии чукрӣ маълумот медиҳем.

1. Ба шахсоне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд, тавсия дода мешавад, ки дар фасли баҳор бештар чукрӣ хӯранд, зеро дар таркиби чукрӣ калий, натрий, калтсий, магний, фосфор, каротин, витамини B1, B2, витаминҳои PP ва витамини С мавҷуд аст.

2. Абӯалӣ ибни Сино ин гиёҳро барои муолиҷаи диққи нафас тавсия додааст.

3. Чукрӣ ба гирифторони дарди меъдаю рӯда низ фоида дорад. Дар тиби муосир чукриро барои илтиҳоби пардаи луобии меъда, яъне гастрит, ки бар асари ин беморӣ хосияти шираҷудокунии меъда паст мешавад, тавсия менамоянд.

4. Шахсоне, ки илтиҳоби ҷигар доранд, бояд бештар чукрӣ хӯранд. Дар тиби мардумӣ аз қадимулайём чукриро барои табобати ҷигару талхадон ва тангшавии роҳҳои талха истифода мебурданд.

5. Чукрӣ ба одамоне, ки иллати гурдаву масона доранд, манфиатҳои зиёде дорад.

6. Иштиҳо надошта бошед, чукрӣ хӯред, зеро дар тиби қадим онро ҳамчун гиёҳи иштиҳоовар тавсия додаанд.

7. Чукрӣ барои табобати омос ва лату зарби узвҳо низ фоида дорад.

8. Чукрӣ натанҳо барои саломатӣ, балки барои зебоии инсон низ муфид буда, доғҳои кунҷидакро меравонад.

Ин буд чанд маълумоти кӯтоҳ дар бораи хусусиятҳои табобатии чукрӣ. Дар ёд дошта бошед, ки қисматҳои истифодашавандаи он дар тиб - барг, поя, реша ва тухми растанӣ буда, муҳлати нигоҳдорияшон то се сол аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД